Дидору гуфтугӯи Кристофер Ландау бо раисҷумҳури Тоҷикистон

Кристофер Ландау (чап), муовини вазири корҳои хориҷии Амрико бо Эмомалӣ Раҳмон (рост), раисҷумҳури Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 18-уми ноябри 2026

Кристофер Ландау, муовини котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико, бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кардааст. Ин мулоқот рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Душанбе гузашт.

Ду тараф "ҳолати кунунӣ ва дурнамо"-и ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла дар бахши саноати кӯҳиро баррасӣ кардаанд.

"Рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид," – навиштааст дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм, таҳдидҳои сайберӣ ё киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва ҳамчунин ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзиро баррасӣ кардаанд, аммо дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти он дастрас нест.

Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли 2025 ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.

Кристофер Ландау аз Тоҷикистон ба Туркманистон ва Туркия хоҳад рафт. Сафари ӯ ба ин се кишвар дар ҳолест, ки низои Амрико ва Эрон, як кишвари ҳамсояи Туркманистону Туркия ва шарики муҳими фарҳангию сиёсии Тоҷикистон поён наёфтааст.

Дар Вашингтон даъватҳо ба хатми ин низоъ ҳарчи баландтар садо медиҳанд. Маълум нест, оё ин мавзуъ дар суҳбати Кристофер Ландау бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам баррасӣ шудааст ё не. Ҳадди ақал дар хабарномаҳои расмӣ дар ин маврид ягон ишора нашудааст.