Дидори гумрукчиёни Тоҷикистону Узбекистон як моҳ баъди шикоят аз набуди иҷозаи убур

Акс аз сомонаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Ҳафтаи ҷорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мулоқоти миёни мақомоти гумруки давлатии ин ду кишвар бо мақсади баррасии роҳҳои осон кардани ҳаракати молу маҳсулот ва нақлиёт баррасӣ шуд.

Рӯзи 23 апрел сомонаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон навишт, мулоқот дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент барпо шуд.

Ҳайатҳоро муовини якуми сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода ва муовини раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон Нодир Мӯсомуҳаммадов намояндагӣ карданд.

Бино ба ин хабар, “ҷонибҳо масъалаҳои боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, такмили фаъолияти нуқтаҳои гузаргоҳ ва таҳкими ҳамкории байниидоравиро муҳокима карданд”.

Дар ин мулоқот инчунин дар бораи роҳҳои рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ сӯҳбат шуда, Тоҷикистон “низоми шиносоӣ ва барасмиятдарории воситаҳои нақлиёт — VIN.TJ-ро, ки аз 16 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, муаррифӣ намуд”.

Ҷузъиёте аз ин беш дода намешавад ва ҳам маълум нест, то куҷо дар ин нишаст шикояти як моҳ пеши ронандагони мошинҳои боркаш баррасӣ шудааст.

Радиои Озодӣ поёни моҳи март аз забони гурӯҳи ронандагони мошинҳои борбар хабар дод, ки давоми ду ҳафта дар гузаргоҳи гумрукии "Дӯстӣ" миёни шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ва Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон барои дарёфти иҷозаи убури марз навбат истодаанд.

Бархе аз ронандагон як сабабро дар гарон ва хурд будани истгоҳи гузаргоҳи гумрукӣ медонанд. Ба иддаои онҳо, барои зудтар гузаштан аз марз аз ронандагони мошинҳои боркаш ҳудуди 200 доллар талаб мешавад.

Дар гузашта соҳибкорони узбекистонӣ ҳам шикоят карда буданд, ки маъмурини гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ карда, барои воридоти он монеагузорӣ мекунанд.

Вале ба ин шикоятҳо то ҳол мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳеҷ вокунише нишон надоданд.

Ин шикояти ронандагонро Радиои Озодӣ рӯзи 31 март нашр кард: