Пас аз ду соли қатлҳои пайиҳам… Дидбонгоҳи Конибодомро бастаанд

Ин дидбонгоҳро ду сол пеш, дар пайи қатлҳои пайиҳам, дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом гузошта буданд. Маъмурони интизомӣ дар инҷо ронандагону мусофиронро тафтиш мекарданд. Ҳоло дари он бастааст

Акнун дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом дар вилояти Суғд низомиён намеистанд ва ҳуҷҷати ронандагону мусофиронро ҳам намепурсанд. Дидбонгоҳеро, ки ду сол пеш дар пайи кушторҳои пайиҳами аъзои чанд оила дар Конибодом ташкил шуда буд, бастаанд.

Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом, рӯзи 29-уми июл ба хабарнигорон гуфт, "сабаби асосии бардошта шудани дидбонгоҳ набудани зарурат ба ҳамин масъала аст."

Конибодом

"Шахсоне, ки ба куштор даст зада буданд, бо ҳукми суд (додгоҳ) ба ҳабси абад маҳкум карда шуданд. Дар инҷо дигар ягон хел мушкилӣ нест,” – афзуд ӯ.

Қатли бераҳмонаи 23 узви ҳафт хонадон дар Конибодом дар соли 2024 мардумро нигарон кард. Дар баъзе аз маҳаллаҳо навбатдорӣ ташкил карданду дар даромадгоҳи шаҳр дидбонгоҳ гузоштанд.

То кунун чор нафар бо иттиҳоми даст доштан дар қатли бераҳмонаи сокинони Конибодом, ки дар миёнашон кӯдакон низ буданд, ба зиндони якумрӣ маҳкум шудаанд. Пайвандони бархе маҳкумшудаҳо ба бегуноҳии онҳо пофишорӣ доштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Санҷидзори Конибодом. Хонаҳои қуфлзада, кӯчаҳои холӣ ва сокинони нигарон

Дар оғози ҳодиса дар бораи таҳти пайгард қарор гирифтани ду шаҳрванди Қирғизистон ҳам сухан мерафт, аммо мақомот баъди нарм шудани муносибатҳои ду кишвар дар ин маврид ҳеч ишорае намекунанд.

Баъзе аз сокиноне, ки аз тарси такрори қатлҳои бераҳмона ба минтақаҳои дигар ё ба манзили хешовандон кӯчида буданд, ба хонаву замини худ бозгаштаанд. Раиси шаҳри Конибодом мегӯяд, баргаштани мардум аз муҳоҷирати корӣ низ зиёд шудааст, вале оморе наовард.

"Имсол беш аз 2,5 ҳазор гектар киштамон зиёд шуд. Ин бозгӯйи он аст, ки мардум аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадаанд. Заминҳое, ки қаблан бекор хобида буданд, соҳиб пайдо карда истодаанд. Мо як минтақаро Туқай мегӯем. Дар он 700 гектар замини бекорхобида буд. Имсол 420 гектарашро ба истифода даровардем. Ҳамаи ҳамин меҳнат ва одамро талаб мекунад, яъне раванди бозгашт аз муҳоҷират имрӯз хусусияти мусбат дорад,” – шарҳ дод Даврон Зоҳидзода.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот мегӯянд, "Конибодом орому осуда аст"

Конибодом яке аз шаҳрҳои сераҳолӣ ва то чанд сол пеш минтақаи амнтари вилояти Суғд ба шумор мерафт. Аз моҳи март то охири соли 2024 дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Конибодом зиёда аз бист нафар кушта шуданд ва ин ҳодисаҳо дар минтақа сару садои зиёде барпо кард.

Ҳоло дидбонгоҳ несту ба қавли мақомот мардум ба зиндагии осоиштаи худ идома медиҳанд. Чанде аз сокинон нахостанд, ки дар ин маврид суҳбат кунанд, аммо баъзеи дигар гуфтанд, ҳанӯз ваҳшати он рӯзҳоро аз ёд набурдаанд ва такрори онро намехоҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаро дар бораи кушторҳои пайиҳам дар Конибодом тафсилот намедиҳанд?