“Фавран ва бечунучаро озод кунед.” Даъват ба раҳоии Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ

Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаро аз зиндон озод кунад.

Созмони “Вакилон Ҳомии Вакилон”, қароргоҳаш дар Ҳолланд, бо нашри як баёния гуфтааст, вакили тоҷик ҳеч гуноҳ надорад ва аз ин рӯ мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро ва “Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бечунучаро озод кунанд”.

Рӯзи 28-уми сентябр аз замони боздошти вакили дифои тоҷик 11 соли расо сипарӣ шуд.

Ӯро, ки соли 2015 аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, баъди созмони террористӣ эълон шудани он дастгир карда, сипас бо иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 сол зиндон маҳкум карданд.

Созмони “Вакилон Ҳомиёни Вакилон” гуфтааст, тамоми иттиҳомот сохтаву бофта аст ва худи Бузургмеҳр Ёров ҳам ҳангоми муҳокимаҳои додгоҳӣ гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва фақат аз ҳаққи муттаҳамон ба ҷиноят ҳимоят кардааст.

Яке аз кумитаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳам боздошти Бузургмеҳр Ёровро худсарона ва ғайриқонунӣ хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро аз зиндон раҳо кунад.

Ҳарчанд ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров бар асоси ду Қонуни афв дар солҳои 2019 ва 2021 кӯтоҳ карда шуд, вале соли 2023 мақомот парвандаи ҷиноии дигареро ба зидди ӯ боз карданд ва ӯ бояд камаш то соли 2043 дар зиндон бимонад.

Ҳукми ӯ бар асоси Қонуни афви имсол ҳеч тағйире накард.

Дар гузашта Созмони Милал ва ҳам созмонҳои зиёди ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани Бузургмеҳр Ёров ва ҳуқудонҳои дигар танқид карда, хостаанд, ки онҳоро озод кунад, вале ин даъватҳо то кунун бепосух мондаанд.

Бузургмеҳр Ёров 55-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 вакили мудофеъ буд ва раёсати анҷумани “Сипар”-ро ба уҳда дошт.