Дастаи мунтахаби ҷавонони Ҷопон қаҳрамони Осиё шуд

Дастаи мунтахаби Ҷопон ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардид.

Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар финали Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026 байни ҷавонони то 23-сола дар Арабистони Саудӣ тими Чинро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардид.

Бозии ниҳоии мусобиқа рӯзи 24-уми январ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium" доир гардид. Ҷопониҳо бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Косей Огура ду гол, Юто Озеки ва Рюноске Сато якголӣ заданд.

Мунтахаби Ҷопон унвони қаҳрамонии худро, ки ду сол пеш дар Қатар ба даст оварда буд, бо сарбаландӣ ҳифз намуд. Дарвоқеъ, ҷопониҳо бори сеюм Ҷоми қаҳрамониро ба даст оварданд. Қаблан онҳо солҳои 2016 ва 2024 бо медалҳои тилло сарфароз шуда буданд.

Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 23-юми январ дар Ҷидда, дар варзишгоҳи "King Abdullah Sports City Hall Stadium" мубориза бурданд.

Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти кори футболбозони ҷавони Ветнам омад кард ва онҳо бо ҳисоби 7:6 пирӯз шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “К”, ки аз 3-юм то 9-уми сентябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид, бар Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, аз Филиппину Сурия бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрд. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ин гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.

Ҷоми Осиё (U-23)

Бозӣ барои ҷойи сеюм, 23-юми январ (ҷумъа):

Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ – 2:2 (7:6 – аз рӯйи пеналти)

Ҷидда, варзишгоҳи «King Abdullah Sports City Hall Stadium»

Финал, 24-уми январ (шанбе):

Ҷопон – Чин – 4:0

Голҳо: Юто Озеки, 12, Косей Огура, 20, Рюноске Сато, 59, Косей Огура, 76.

Ҷидда, варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium"