Дастаҳои лигаи олӣ ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2026 мепардозанд

Дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026, ки рӯзҳои 28-30-юми май доир мегардад, дувоздаҳ дастаи лигаи олӣ ва чаҳор тими лигаи якуми футболи кишвар иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими имсола ҳамаи марҳилаҳои Ҷоми Тоҷикистон аз даври 1/8-ниҳоӣ сар карда, аз ду бозӣ иборат хоҳанд буд.

Маблағи умумии ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми миллӣ бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Ба иштироккунандаи бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Финали мусобиқа дар варзишгоҳи "Вахш"-и шаҳри Бохтар барпо мешавад.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2027/28 мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2026

1/8 финал. Бозиҳои аввал

28-уми май (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 18:00

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Эсхата» (Хуҷанд)

«Вахш» (Бохтар) – «Моҳир» (Ёвон)

КМВА (Душанбе) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

29-уми май (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 18:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Истаравшан» (Истаравшан) – «Барқчӣ» (Ҳисор)

Оғози бозӣ – соати 19:30

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Истиқлол» (Душанбе)

30-юми май (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

«Сардор» (Турсунзода) – «Рахш» (Восеъ)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) – «Сомон» (Данғара)

Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 36-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар дастаи “Истиқлол” (10 бор) ва “Регар-ТадАЗ” (8 бор) ба даст овардаанд.

Соли гузашта “Регар-ТадАЗ” дар бозии ниҳоӣ дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода буд.

НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2025):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4

2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4

2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– 2:1

2025 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Эсхата» (Хуҷанд) –– 5:0