Баъзе аз довталабони сафар аз Тоҷикистон ба Олмон мегӯянд, ки гирифтани раводид (виза)-и ин кишвари аврупоӣ душвор шудааст. Ба иддаои онҳо, агар дар гузашта дарёфти иҷозаи сафар ба Олмон “то як моҳ вақт мегирифт, акнун то се-чор моҳ расидааст”. Ба сабаби набудани ҷойи кору маоши муносиб дар Тоҷикистон аҳолии қобили кор кӯшиш мекунанд ба ҳар роҳе ба Аврупо ва кишварҳои дигар бираванд. Ин ҷараён баъди бештар аз як соли фишори афзоянда ба муҳоҷирон дар Русия шиддат гирифтааст.
“Бояд ба додгоҳи Берлин муроҷиат кунӣ”
Яке аз довталабон гуфт, се дафъа ба гирифтани визаи Олмон кӯшиш кард, аммо комёб нашуд. Бори охир моҳи ноябри имсол, пас аз се моҳи муроҷиат, ба дархосташ посухи рад омадааст.
“Надонистани забони олмонӣ, пешниҳоди маълумоти дурӯғ ва нарасидани ҳуҷҷатҳоро далел овардаанд. Ман аз Институти Гёте сертификати забони олмонӣ дорам. Онро дар Олмон ва сафорат қабул мекунанд. Гуфтаанд, олмониро намедонам. Ҳангоми супоридани ҳуҷҷат бо ман тоҷикӣ гап заданд, ҳайрон шудам," – гуфт мусоҳиби мо.
Вай дар ҳоле ки нахост чеҳраашро ба навор гирем, гуфт, бо сабабҳое, ки барояш пешниҳод кардаанд, розӣ нест, аммо эътироз ва дархости бозбинии ҳуҷҷатҳо ҳам кори осон набудааст: “Барои ин бояд ба Додгоҳи Берлин муроҷиат кунӣ. Чанд моҳи дигар интизор шавӣ, мактуб нависӣ. Бояд аз Олмон навишт ё бояд дар Олмон ягон намоянда дошт. Пеш осон буд, дар худи сафорат метавонистӣ ариза супорӣ, аз сари нав дида мебаромаданд."
Сафорати Олмон дар вебсайташ навиштааст, бо қарори Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар имкони шикоят аз рад шудани дархости раводид ба марказҳои визадиҳӣ дар тамоми ҷаҳон бекор шудааст.
Сафорати Олмон дар Душанбе
"Мепурсанд, ки дар давраи Шумо чӣ гуна буд?"
Мирзонаим Иброҳимзода, ки ду сол боз дар Олмон таҳсил ва аз зиндагияш дар ин кишвар навору мавод нашр мекунад, гуфт, тайи моҳҳои охир ба ӯ ҳам дар ин бора зиёд менависанд. Худи ӯ соли 2023 пас аз як моҳи интизорӣ ва суҳбат ё имтиҳон дар сафорат раводид гирифтааст.
"Мепурсанд, ки мушкил дар чӣ бошад, ки гирифтани раводид сахт шудааст. Дар давраи Шумо чӣ гуна буд? Дар давраи мо, фикр мекунам, чандон мушкил набуд. Ҳар вақте ягон навор ё паёме аз Олмон гузорем, ҷавонон зиёд менависанд," –нақл кард Иброҳимзода.
Мирзонаим Иброҳимзода
Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ ба сафорати Олмон дар Тоҷикистон нома фиристод. То лаҳзаи нашри гузориш посух дастрас нашуд. Аммо сафорат дар як эълони расмӣ гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба он ки талабот барои гирифтани виза зиёд аст, муҳлати баррасӣ ва интизорӣ метавонад тӯл кашад.
Нигарониҳо аз интизориву навбатпоии зиёд ва рад шудани дархост барои визаи Олмон дар ҳолест, ки ҳоло хоҳишмандони омӯзиши ин забон ва сафар ба ин кишвар дар Тоҷикистон зиёд будааст.
Юсуф Амакиев, омӯзгори забони олмонӣ, мегӯяд, “баъд аз он ҳодисаҳое, ки дар Русия шуд, аксар ҷавонон дилшикаста шуда, рӯ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оварданд. Яке аз ин забонҳо олмонӣ аст. Ба ман теъдоди зиёди ҷавонон барои забономӯзӣ муроҷиат мекунанд. Ман мехоҳам дар як синф на бештар аз 20 нафар гирам, вале баъзан аз Хатлону Бадахшон ҳам меоянд.”
Юсуф Амакиев
Маҳдудиятҳо сахттар мешаванд. Чаро?
Олмон расман дар бораи тағйир дар қоидаи дарёфти виза ё сафари тоҷикон ба ин кишвар хабаре надодааст, аммо тартиби сафар ба баъзе аз кишварҳои дигари аврупоӣ барои тоҷикистониён сахту маҳдуд шудааст.
Аз ҷумла, эълон шуд, ки Маркази додани раводиди Литва дар Душанбе баста мешавад ва Латвия ҳам қасд дорад санҷиши шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳангоми додани раводид (виза) ва ҳаққи иқомат сахттар мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Латвия қарори худро бо он асоснок кардааст, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ хатари терроризм дар Тоҷикистон бештар шудааст. Баъзе аз фаъолон аз сабабҳои дигар ном мебаранд.
Фарҳод Одинаев
Фарҳод Одинаев, фаъоли маданӣ дар Аврупо, гуфт, “аксар шаҳрвандони Тоҷикистон бо виза вориди Аврупо мешаванд. Сипас худро ҳамчун паноҳҷӯ муаррифӣ мекунанд. Олмон инро баррасӣ мекунад. Мебинанд, ки як нафар бо виза аз Тоҷикистон омадааст, вале гуё боз дар Тоҷикистон мушкил дорад. Ин ҳам сабаб шудааст, ки аз додани виза ба шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ кунанд.”
Дар зимн порлумони Молдова низ бо тавсияи Кумисюни Аврупо созишномаи сафари бидуни раводидро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) бекор кард. Ин тасмим дар навбати аввал ба шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон дахл дорад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дарёфти визаи Олмон дар Тоҷикистон душвор шудааст?