Як гурӯҳ аз қирғизистониҳо, ки бар асоси табодули минтақаҳои марзӣ ба Қирғизистон кӯчонда шудаанд, талаб доранд, ки барои зиёрати қабри наздиконашон дар Тоҷикистон мусоидат шавад.
Хабаргузории “24kg” навишт, сокинон ин талаби худро ба воситаи вакили порлумон ба ҳукумати Қирғизистон расондаанд.
Инҳо қирғизистониҳое мебошанд, ки аз деҳаи Санҷидзор ё собиқ Ҷийдалик ба деҳаҳои Арқа, Ҷаштик ва Достуки ноҳияи Лайлак кӯчонда шудаанд.
Тақрибан 300 қирғизистонӣ дар номаи худ талаб кардаанд, ки ё замини қабристон ба онҳо баргардонда шавад ё Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи расмӣ аз оромгоҳро диҳад, зеро онҷо волидон ва наздиконашон дафн шудаанд.
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин хабар маълум нест.
Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти соли гузашта бар сари таъйини хати он ба созиш расиданд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо поён додааст. Дар доираи ин созиш ду тараф чандин деҳаро иваз карданд.