Фирӯз Паллаев, овозхон ва фарзанди ҳунарманди шинохта Душанбе Паллаев, рӯзи 16-уми декабр дар 45-солагӣ даргузаштааст.
Нобовар Чаноров, раҳбари гурӯҳи ҳунарии “Шамс” ва аз дӯстону наздикони овозхон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро таъйид кард.
Ӯ гуфт, Фирӯз субҳи сешанбе каме нотоб шуда, ба дармонгоҳи шумораи 13-и Душанбе рафт ва дертар дучори сактаи қалбии шадид шудаву фавтид.
Ҳоло, ба гуфтаи Нобовар Чаноров, пизишкон сабабҳои фавти овозхонро дақиқ мекунанд.
Фирӯз Паллаев овозхони дастаи “Сарез” буд ва бештар бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ таронаҳои эстрадӣ иҷро мекард.
Чанд суруди падарашро, ки бештар дар сабкҳои мардумӣ ва суннатии Бадахшон буданд, низ ба тарзи нав ва сабкҳои муосир бозхонӣ намудааст.
Суруди “Ичафта тар та начaсом” бар матни Сардор Раҳдор, яке аз таронаҳои маъруфи ин овозхон дар миёни ҷавонон дар солҳои охир дониста мешавад.
Бино ба иттилои наздиконаш, дар назар аст, маросими видоъ ва дафни Фирӯз Паллаев рӯзи 17-уми декабр дар Душанбе баргузор шавад.