Мухтасар
- Собиқ ҳамлагари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе ва сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев пас аз бемории вазнин дар синни 60-солагӣ дар шаҳри Маскави Русия аз олам даргузашт.
Дар оғози мавсими футболи соли 2025 мудири бошгоҳи футболи "Вахш"-и Бохтар Муҳсин Муҳаммадиев ҳамроҳи даста ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия сафар карда буд. Ӯ дар ҳавопаймо бемор шуд. Тавре ки баъдтар маълум гардид, ӯ сактаи мағзӣ гирифтааст.
Муҳаммадиев чанд рӯзро дар бемористони Туркия сипарӣ кард ва аз онҷо ба Маскав интиқол ёфт. Табибон фалаҷро дар тарафи рости баданаш ташхис карданд, ки аз ҳама бештар дасташ осеб дида буд.
Ӯ дар беморхонаҳои шаҳри Маскав тули 11 моҳ бистарӣ буд ва шаби якуми январ аз олам чашм пӯшид.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ ҷасади Муҳсин Муҳаммадиев шоми ҷумъаи 2-юми январ аз Маскав ба Душанбе оварда, 3-юми январ дар қабристони Лучоб ба хок супурда хоҳад шуд.
Муҳсин Муҳаммадиев, ки 21-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, ҳамлагари моҳир буд ва ҳаводоронашро бо ҳунари воло мафтун мекард.
Ӯ дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия даст ёфтааст.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввали Русия баромад.
Муҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд. Вай баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафт.
Муҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 то моҳи майи 2018 сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе буд. Таҳти сарварии Муҳаммадиев «Истиқлол» Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми «АFC-2017» роҳ ёфт. Ӯ солҳои 2019-2020 дар вазифаи сармураббии дастаи “Бухоро”-и Узбекистон кор карда буд.
Муҳсин Муҳаммадиев ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, сипас мудири варзишии бошгоҳи “Вахш”и Бохтар таъйин шуд.
Муҳсин Муҳаммадиев аз соли 1992 дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебурд.