Даргузашти ҳунарманди тоҷик Фатҳулло Абдуллоев, маъруф ба Коно

Фатҳулло Абдуллоев. Акс аз саҳифаи фейсбукии марҳум

Фатҳулло Абдуллоев ҳунарманди тоҷик маъруф бо тахаллуси саҳнавии Коно дар сини 67-солагӣ даргузашт.

Нарзулло Абдуллоев, бародари Фатҳулло Абдуллоев 4-уми январ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳум аз ду рӯз қабл аз зиёрати Ҳаҷ баргашта буд.

"Дар вақти зиёрати ҳаҷ бемор шуда дар шифохона бистарӣ шуданд. Дар он ҷо дар рагҳои дилашон найча (стент) гузоштанд ва ба ҳуш омаданд ва ду рӯз пеш ба ватан баргашта буданд", гуфт ӯ.

Фатҳулло Абдуллоев нахуст дар театрҳои "Ҷавонон", "Аҳорун" ва баъдан дар гуруҳи ҳаҷвии "Хандинкамон" фаъолият дошт.

Ӯ дар чандин филмҳо аз ҷумла "Хобҳои апрелӣ", "Ишқи ман –инқилоб", "Биҳишт фақат барои мурдагон", "Дарди ишқ" ва телеспектакли "Мактаби куҳна" нақш офаридааст.

Дар Тоҷикистон ӯро бештар бо нақшофариниаш дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо тахаллуси Коно мешиносанд.