Як пизишки беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Бохтар рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа ду моҳи ахир дар манзилаш бемор буд ва чанд рӯз пеш ба сактаи мағзӣ дучор шуд. Ӯро вақтҳои охир ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст карда буданд.
Хабари марги ӯро ба Радиои Озодӣ наздиконаш тасдиқ карда гуфтанд, ки эҳтимолан ҷасадашро ба шаҳри Норак мебаранд ва дар канори қабри падараш ба хок месупоранд.
Саидҷон Сорбонхӯҷа аз рӯҳониёни маъруф дар вилояти Хатлон буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард. Аз ҷумла ин рӯҳонӣ соли 2015 ва дар авҷи пайвастани ҷавонони тоҷик ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” гуфта буд, ки дар Сурия ҷиҳод нест. Ӯ ҳамчунин борҳо гуфтааст, ки рӯҳониён бояд дар ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд.
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ӯ барои расидан ба сулҳ дар ҷаласаҳо ва мулоқотҳои роҳбарияти вақт фаъолона иштирок мекард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа аз сактаи қалбӣ бистарӣ шудЭшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: «Сурия ҷиҳод нест, ҷиҳод ин ҷост»Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шикастани сангу катибаи қабрҳо дар АйнӣФатвои Шӯрои уламо дар масъалаи СурияМуовини муфтӣ аз "облава" интиқод кард