Даргузашти Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон

Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон.

Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон дар сини 80-солагӣ даргузашт. Дар ин бора ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", хабар дод.

Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ аз чанд сол ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд. Қарор аст, ки маросими ҷанозаи Доро Наҷот имрӯз, душанбеи 14 август, пас аз намози пешин дар Масҷиди калони Душанбе баргузор шавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ибрози тасаллият, аз Доро Наҷот адиби соҳибистеъдод ва фарҳангнигори шинохта ном бурд, ки "бо қалами пурқудрат, андешаи баланд ва забони шоиронаи худ дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хосса дошт".

Доро Наҷот аз соли 1987 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2012 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд ва соли 2016 унвони Шоири халқии Тоҷикистонро гирифт.

Ӯ муаллифи маҷмуаҳои шеърии "Соҳиби кӯҳсор", "Шабнам", "Дарав", "Хирмани Маҳтоб", "Тулӯъе дар ғуруб" ва "Меоям аз шигифт" мебошад.

Доро Наҷот ашъори шуморе аз шоирону нависандагони хориҷиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.