Дар Тоҷикистон 471 зан дар маҳбас қарор доранд ва ҳамроҳ бо онҳо 11 кӯдаки ноболиғашон низ дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.
Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон чанд моҳ пеш ба дидори занони маҳбус дар зиндони Норак рафтанд ва мегӯянд, иҷрои хостаҳои ин занон, аз тавони Кумита ва салоҳияти онҳо берун аст.
Бунафша Файзиддинзода, раиси ин ниҳод рӯзи 5 феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, онҳо тирамоҳи соли 2025 ба хабаргирии занони маҳбус дар зиндони занон воқеъ дар шаҳри Норак рафтаанд ва занҳо аз шароити маҳбас ва муносибат бо онҳо шикояте надоранд.
Вай афзуд, аз ҷониби занони зиндонӣ ба ин ниҳод муроҷиату суолҳо буданд, аммо ҳалли онҳо ба салоҳияти Кумита дохил намешавад.
Дар соли 2025 занону духтарон 1571 ҷиноят содир кардаанд.
Онҳо бештар ба ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, авбошиву дидаву дониста сироят кардан, ва қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, аз озодӣ маҳрум шудаанд.