Дар зилзилаи Туркия як нафар ба ҳалокат расида даҳҳо тан захмӣ шуданд

Соҳили Мармарис

Дар заминларзаи шаби 2 ба 3-юми июн дар Туркия 70 нафар захмӣ ва як духтари 14-сола ба ҳалокат расидааст. Хабаргузории Associated Press навиштааст, ки шиддати заминларза бар асоси ҷадвали Риҳтер 5,8 дараҷа будааст. Маркази зилзила шаҳри Мармариси воқеъ дар соҳили баҳри Миёназамин мебошад.

Али Ерликая, вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, ки аксари онҳое, ки захмӣ шудаанд, аз таҳлукаи зиёд тарсида фирор намуданд ва афтода захмӣ шудаанд.

Муаззама Акобирзода, як муҳоҷирзани тоҷик дар Истанбул дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сокинон аз заминларза сахт метарсанд, чун заминҷунбии ду сол пеши пурфоҷеа ҳанӯз ҳам дар хотираашон зинда аст.

Моҳи феврали соли 2023 дар паи заминларзаи сахте дар Туркия 50 ҳазор нафар ҳалок шуда буд. Акобирзода низ гуфт, ки тапиши замин бисёриҳоро ҳаросон карду ба воҳима андохт ва шоҳиди он буд, ки бисёриҳо аз по афтода, осеб диданд, чун талош мекарданд зудтар худро ба ҷои амн расонанд.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикони Ғозиёнтеппа пас аз зилзилаи Туркия чӣ ҳол доранд? ВИДЕОКумитаи сохтмон: Биноҳои навбунёд ба зилзила "тобовар" ҳастанд. ВИДЕОФазилат ва Мафтунаро зери харобаҳои Туркия меҷӯянд. ВИДЕО