Вазорати фарҳанг гуфт, чаро Бахтиёр Раҳимов унвони давлатӣ надошт

Бахтиёр Раҳимов

Намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохта аз гурӯҳи "Ғарибшо", ки рӯзи 30-юми июн даргузашт, ҳеч гоҳ барои гирифтани унвони давлатӣ муроҷиат накардааст.

Баъзе аз ҳамкасбонаш дар рӯзи видоъ бо ӯ гуфтанд, Бахтиёр Раҳимов бисёр мехост, ки бар ивази хидматҳояш ба вай ягон унвони давлатӣ диҳанд. Ин мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ташриф Халилов: "Як қанотам шикаст"

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, 6-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, Бахтиёр Раҳимов се дафъа унвони Аълочии фарҳангро гирифт, аммо барои дарёфти унвони давлатӣ муроҷиат накард.

Намояндагони Вазорати фарҳанг иддао карданд, ки як сол пеш худи онҳо аз Бахтиёр Раҳимов хоста буданд, ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани унвони давлатӣ пешниҳод кунад, аммо ӯ бо сабаби беморӣ ин корро накард. Тасдиқи мустақилонаи ин ҳарфҳо мушкил аст.

Як сабаби дигари унвони давлатӣ надоштани Бахтиёр Раҳимов, ба гуфтаи намояндагони Вазорати фарҳанг, ин будааст, ки ҳаҷвнигор дар ягон идораи тобеи вазорат кор намекард. Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, номи ҳунармандон барои гирифтани унвонҳои давлатӣ аз сӯи муассисаҳои фарҳангӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод мешавад.

Тақдими унвонҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ва то куҷо сазовор будани номзадҳо дар гузашта ҳам баҳсбарангез шуда буд.

Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигор ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи ҳунарии "Ғарибшо", рӯзи 30-юми июн дар 57-солагӣ даргузашт.

Вай дар саҳнаҳои ҳаҷвияш масъалаҳои доғи иҷтимоӣ, аз ҷумла хидмати сарбозӣ, кор дар идораҳои давлатӣ ва ҷаримаҳои ҳангуфтро бо забони танз баён мекард. Дар чанд филм ҳам нақш бозидааст.

Навор дар Инстаграм: