Дар Узбекистон мехоҳанд барои фаҳшу ҳақорат дар интернет ҷазо ҷорӣ кунанд

Акс аз бойгонӣ

Дар Узбекистон барои нашр ва истифодаи дашному ҳақорат дар интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ базудӣ ҷазо ба шакли ҷарима ва ҳабс ҷорӣ мешавад. Тарҳи қонун дар ин замина дар хониши аввал дар Олий Маҷлис ё парлумони Узбекистон қабул шуд. Дар ин бора рӯзи 7 феврал дар телеграм-канали парлумон хабар дода шудааст.

Вакилони маҷлиси Узбекистон барои нашри алфози қабеҳ дар интернет ҷарима дар ҳаҷми 5 миллион сӯм ё 400 доллар ва ҳам ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 10 шабонарӯзро дуруст мешуморанд. Вакилон мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба риояи маданият ва одоби рафтор дар интернет одат кунонидани корбарон мебошад.

Дар қонунҳои Узбекистон барои истифодаи алфози қабеҳ дар ҷои ҷамъиятӣ ҷазо дар ҳаҷми ҷарима ва ҳам ҳабси маъмурӣ вуҷуд дорад. Ҷорӣ кардани ҷазо барои чунин рафтор дар интернет ташаббуси нав мебошад.

Муовини раиси парлумони Узбекистон Алишер Қодиров, ки як тарафдори қабули чунин ҷазо дар қонунҳои кишвар аст, гуфт, “танҳо бо корҳои маърифатӣ дигар намешавад пеши роҳи ҷаҳолатро гирифт, аз ин рӯ, тадбирҳои молӣ ва маҳдудкунанда меъёрҳои ногузир барои танзими ин масъала мебошанд”.

Тарҳи қонун бояд аз ду хониши дигари вакилон гузашта баъди он ба Сенат фиристода шавад. Танҳо баъди имзои президент ва нашри расмии он дар матбуот ин тарҳ қувваи қонунӣ мегирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Барои блогерони тоҷик қонун қабул мекунанд?Корманд: "Гуфт, ҳуқуқатро дар як ҷоят мезанам". Раҳбар: "Не, фақат насиҳат кардам" ВИДЕО