Мақомоти Узбекистон таъкид мекунанд, ки аз касе заминро маҷбурӣ барои додан ба чиниҳо ё дигар сармоягузорон нагирифтаанд, балки сокинон қонунан худашон заминро ба ҳукумат пас месупоранд.
Деҳқонони Андиҷон, ки ба парвариши пахта, сабзавот ва мева машғуланд, баръакси иддаои ҳукумат, ба Бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шабона кормандони ҳукумати маҳаллӣ назди онҳо меоянд ва бо фишору таҳдид мехоҳанд, санади даст кашидан аз заминро имзо кунанд.
Чӣ тавр заминҳоро аз кишоварзон мегиранд?
Бар асоси қонунҳои Узбекистон, сокинон ҳақ надоранд, заминро хусусӣ кунанд, балки онро ба мӯҳлати то 49 сол барои истифода иҷора мегиранд. Ҳукумат ҳақ надорад, то поёни шартнома заминро аз сокинон пас гирад. Замин танҳо замоне аз деҳқон гирифта мешавад, ки мӯҳлати иҷора ба поён расидааст ё деҳқон аз истифодаи замин қарздор шудааст.
Хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ бо деҳқонон, мансабдорони давлатӣ дар Узбекистон суҳбат карда, бо асноди зиёде шинос шуданд. Маълум шуд, мақомоти маҳаллӣ дар водии Фарғона, ҳаммарз бо Қирғизистон ва Тоҷикистон, бо фишору тарс додан заминҳоро аз деҳқонон мегиранд ва онҳоро ба сармоягузорони чинӣ медиҳанд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Деҳқонони узбек шикоят доранд, ки заминҳояшонро ба нафъи чиниҳо мусодира мекунанд
Зоҳирҷон Ғаффоров, раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Қӯрғонтеппаи водии Фарғона, ки навъҳои гуногуни сабзавот мекорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзе пулис ба хонааш омада, ӯ ва ҳамсарашро бо мошин маҷбур ба бинои ҳукумати маҳаллӣ бурданд. Ба гуфтаи ӯ, ин як роҳи фишор ба деҳқонон аст, ки аз моҳи декабри соли 2024 оғоз шудааст.
Ӯ гуфт, ки онҳоро ба назди муовини раиси ноҳия ва баъдан ба назди худи раиси ноҳия бурданд. Ба ин деҳқон гуфтаанд, ки амри президент аст, ки замини онҳо ба чиниҳо дода шавад.
Ғаффоров гуфт, розӣ нашуд, ки заминашро ба ҳукумат супорад ва зери фишор монд. Баъди ин, ба гуфтаи ӯ, мақомот ба тафтиши санадҳояш оғоз карданд ва мунтазам кормандони пулис майдонҳои пахтаи ӯро назорат мекарданд.
Ин деҳқон гуфт, кор то ҳадде расид, ки коргарони хоҷагии ӯро маҷбур карданд, то баёнот диҳанд, ки ин заминҳо ғайриқонунӣ ба иҷора дода шудаанд.
Замини Ғаффоровро ба чиниҳо додаанд
Моҳи сентябри соли 2025 вақте ӯ ба Идораи ҳукумати маҳаллӣ рафт, ба ӯ гуфтанд, ки заминро ғайриқонунӣ истифода бурдааст ва онро гирифта, ба чиниҳо иҷора додаанд. Ғаффоров гуфт, ин ҳарф дурӯғ аст ва ӯ тамоми санад барои истифодаи заминро дар даст дорад.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ соли гузашта гузориш дода буд, ки заминҳои кишоварзӣ дар чанд ноҳияи Андиҷон ба ширкатҳои чинӣ дода шудаанд. Пас аз он гузориш дар моҳи апрел, додани замин ба чиниҳо муваққатан қатъ шуд, вале ба гуфтаи деҳқонон, пас аз чанд моҳ мақомот бесару садо дубора ба фишор оғоз карданд.
Чин, яке аз бузургтарин сармоягузор дар Узбекистон аст, ки даҳҳо лоиҳаро дар ин кишвар маблағгузорӣ мекунад, аммо ҳузури афзояндаи Чин дар ин кишвар деҳқонони маҳаллиро нигарон кардааст. Заминҳое, ки деҳқонон рӯзии худу хонаводаашонро аз он меёбанд, ба ширкатҳои чинӣ дода мешавад.
Роҳи нав барои додани замин ба хориҷиҳо
Дилмурод Хоҷамбердиев, раиси Идораи кишоварзии ноҳияи Қӯрғонтеппа ва яке аз мансабдороне, ки дар додани замини Ғаффоров ба сармоягузорони чинӣ даст доштааст, гуфт, замин бар асоси қарори ҳукумати Узбекистон ба Раёсат ё Дирексияи навтаъсис дода мешавад. Ӯ гуфт, замин дар Узбекистон мустақим ба хориҷиён иҷора дода намешавад.
Ба суоли ин ки чӣ тавр кишоварзони чинӣ соли гузашта дар ин заминҳо зироат киштаанд, ӯ гуфт, онҳо заминро аз раёсат иҷора гирифтаанд.
"Онҳо заминро аз раёсат ба иҷора гирифтанд, на аз ман ё ҳокими ноҳия. Раёсат метавонад ба ҳар касе хоҳад, иҷора диҳад. Раиси ноҳия инро ҳал намекунад,"—гуфт ӯ.
Тибқи қарори Девони Вазирони Узбекистон, ки моҳи майи соли 2025 тасвиб шудааст, чунин раёсатҳо дар Андиҷон ва шаш вилояти дигар, аз ҷумла Ҷиззах, Намангон, Тошканд, Фарғона, Сирдарё ва Қашқадарё таъсис ёфтааст. Ҳар як раёсат аз панҷ корманд иборат буда, ваколат дорад, ки истифодаи самараноки заминро назорат кунад ва заминҳои кишоварзиро "мувофиқи қонун" ба сармоягузорони маҳаллӣ ё хориҷӣ ба иҷора диҳад.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Узбекистон, то моҳи декабри соли 2024 дар кишвар 17,900 ширкати хориҷӣ сабт шудааст, ки 4,873-тоаш марбут ба чиниҳо будааст. Ҳузури ширкатҳои чинӣ бо суръат афзоиш меёбад ва то охири соли 2025 ба ин феҳраст беш аз 1,500 ширкати дигари чинӣ сабт шудааст.
Шикояти Азизахон
Деҳқонони дигар низ мегӯянд, ҳоли онҳо ҳаммонанди сарнавишти Ғаффоров аст. Азизахон Эргашева, раиси хоҷагии "Азизабону дурдонаси" ҳам иддао дорад, ки шаб пулис ӯро аз хонааш бурда, маҷбур кардаанд, ки аз ҳаққи истифодаи 40 ҳектор заминаш даст кашад.
Ӯ мегӯяд, бемору хаста буд ва ба фишор тоб наоварда, ба ариза имзо гузошт.
Хоҷамбердиев, раиси Шӯъбаи кишоварзии ноҳия, мегӯяд, ки замин танҳо аз деҳқонони қарздор ё онҳое, ки нақшаи истеҳсолиро иҷро накардаанд, гирифта мешавад. Ӯ Эргашеваро яке аз деҳқонони қарздор номид. Ин зан гуфт, ки ӯро бо роҳи сохтакорӣ, аз ҷумла аз истифодаи ҳаққи об, қарздор кардаанд.
Ӯ гуфт, онҳоро маҷбур карданд, ки дар ҳама заминҳояшон танҳо пахта кишт кунанд, аз ин рӯ, онро фурӯхта натавонистанд ва қарздор шуданд.
Орифҷон Қаюмов, раиси Шӯрои деҳқонони ноҳияи Қӯрғонтеппа, ки як иттиҳодияи ҷамъиятии наздик ба ҳукумати Узбекистон аст, гуфт, на дар ҳама заминҳое, ки аз кишоварзони қарздор гирифта шудааст, чиниҳо кор мекунанд.
Ба гуфтаи мақомот, заминҳо бо қарори додгоҳ ва бо ин далел, ки кишоварзон дигар онҳоро дуруст истифода карда наметавонанд, аз онҳо гирифта мешавад ва сокинон худашон ризоият медиҳанд.
Деҳқонон ин ҳарфро рад карда, мегӯянд, ки ягон даъватномаи судӣ нагирифтаанд ва имзоҳо бо роҳи фишор, аз ҷумла таҳдиди ҳабс ва омадани ногаҳонии пулис ба хонаҳояшон гирифта шудааст.
Беш аз 20 деҳқон танҳо дар як ноҳия ва тақрибан 50 нафар дар саросари вилояти Андиҷон низ даъво доранд, ки бо фишори ҳукумат пахта кишта, зиёни молӣ диданд ва қарздор шуданд. Баъдан, ҳукумат заминҳои онҳоро гирифта, ба Дирексия ё Раёсати навтаъсис додааст. Ин Раёсат аксари заминҳоро ба ширкатҳои чинӣ медиҳад, ки ҳоло дар Узбекистон теъдодашон бештар шудааст.