Дар Узбекистон алифборо ислоҳ мекунанд

Дар Узбекистон мехоҳанд алифбои забони узбекиро, ки бар пояи хати лотинӣ асос ёфтааст, ислоҳ кунанд.

Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки дар алифбои забони узбекӣ на 26, балки 28 ҳарф ва як апостроф ё аломати монанд ба вергул ворид шавад. Онро дар болои сатр мегузоранд.

Вакилони Узбекистон рӯзи 7-уми июл тарҳи нави қонунро ба Сенат фиристодаанд. Бино ба пешниҳоди онҳо, навишти чунин ҳарфу садоҳо ислоҳ мешаванд:

Gʻ → Ğ – ҳарфи "Ғ"

Oʻ → Ö – ҳарфи "Ӯ"

Sh → Ş – ҳарфи "Ш"

Ch → Ç – ҳарфи "Ч"

Инчунин, пешниҳод шудааст, ки навишти ҳатмии пасванди "ng", ки хоси бисёр калимаҳои узбекӣ мебошад, аз алифбо берун карда шавад. Дар иваз, ин садо бо ишораи дигаре ифода хоҳад ёфт.

Иқдоми порлумони Узбекистон бе пурсиши афкори умум ҷараён гирифт.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навишт, вокуниши мақомоту сохторҳои дахлдори Узбекистон ба тарҳи қонуни ислоҳи алифбо маълум нест.

Ҷумҳурии Узбекистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор кард, тадриҷан аз алифбои кириллӣ даст кашида, ба алифбои лотинӣ гузарад.

Давоми се даҳсола дар ин кишвар ҳарду навъи алифбо роиҷ буд, вале насли навро дар мактабҳо бар асоси алифбои лотинӣ таълим медоданд. Он замон қарори президент Ислом Каримовро барои даст кашидан аз алифбои кириллӣ талоши фосилагирӣ аз нуфузи Русия ва Кремлин номиданд.

Аз он замон то кунун танқидҳое ҳам дар бораи интихоби шакли навишти бархе ҳарфу садоҳо вуҷуд дошт.