Дар Уш мехоҳанд, даромадани мошинҳоро ба ин шаҳр пулакӣ кунанд

Уш, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Раиси шаҳри Уш дар Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки даромадани мошинҳо ба ин шаҳр пулакӣ шавад.

Ҷенишбек Токторбаев рӯзи 8-уми апрел гуфтааст, ҳар рӯз аз ноҳияҳои атроф ба шаҳри Уш қариб 56 ҳазор нақлиёт вориду хориҷ мешаванд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Уш, мақомот метавонанд дар даромадгоҳи шаҳр истгоҳҳои зебо бино карда, аз мошинҳои воридмешуда маблағ ситонанд.

Токторбаев ин маблағро барои мошинҳои сабукрав 50-100 соми қирғизӣ ё 6-11 доллар ва барои боркашонҳо 100-150 сом ё 11-17 доллар пешбинӣ кардааст.

“Агар дар як рӯз 56 ҳазор нақлиёт ба шаҳр дароянд, пас, дар як рӯз 2,8 миллион сом ё 320 ҳазор доллар ва дар сол 60 миллион сом ё 6,8 миллион доллар ҷамъоварӣ кардан мумкин аст,” -- гуфтааст шаҳрдори Уш.

Ин мақомдори қирғиз афзудааст, пули ҷамъшуда барои бунёди мактаб, кӯдакистону беморхона ва беҳтар кардани бахши хидматрасонии шаҳри Уш сарф мешавад.

Пештар шаҳрдори Бишкек ҳам хоҳони ситондани маблағ аз мошинҳое шуд, ки ба пойтахт ворид мешаванд. Як ҳадаф аз ин тасмим пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар пойтахти Қирғизистон гуфта шудааст.