Дар Туркманистон беш аз ҳазор зиндониро афв карданд

Яке аз зиндонҳои Туркманистон

Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, 1054 зиндониро афв кардааст.

Мақомот гуфтанд, ин тасмим ба муносибати 35-солагии истиқлоли Туркманистон ва бар пояи раҳму башардӯстӣ эълон шуд.

Рӯзи истиқлоли Туркманистонро 27-уми сентябр таҷлил мекунанд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ навишт, маълум нест, то куҷо қонуни афв нисбат ба онҳое, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон "маҳбусони сиёсӣ" медонанд, татбиқ хоҳад шуд.

Дар Туркманистон афви зиндониён зуд-зуд барпо мешавад, аммо ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомот мехоҳанд, фаъолони иҷтимоӣ ва мунтақидони давлатро раҳо кунанд.

Ба гузориши Human Rights Watch аз соли 2025, даҳҳо нафар солҳо боз дар шароити баста ва бидуни ягон муошират бо наздикон нигаҳдорӣ мешаванд.

Сарнавишти ҳадди ақал 21 кас, ки муҳлати ҳабсашон аз соли 2017 то 2024 ба итмом расидааст, номаълум мемонад.