Дар се моҳи аввали соли равон бақайдгирии никоҳ ва талоқ дар Тоҷикистон кам шудааст.
Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-марти имсол дар кишвар 14 ҳазору 913 ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 18,5 дарсад кам мебошад.
Оҷонсӣ мегӯяд, нишодиҳанда ё коэффитсиенти умумии никоҳ имсол ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 5,6 ададро ташкил намуд.
Аз рӯи минтақаҳо сатҳи баландтарини никоҳ дар вилояти Суғд ва камтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар се моҳи аввали имсол 1 ҳазору 893 оила ҷудо шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 дарсад камтар аст.
Ба иттилои расмӣ, баландтарин нишондиҳанда ё коэффитсиенти азҳампошии оилаҳо дар вилояти Суғд ва камтаринаш дар Хатлон будааст.
Ҷудошавии оилаҳо ва ҳамин тавр "нимаятим" мондани фарзандони хурдсол аз масъалаҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон аст.
Муҳаққиқони тоҷик ахиран маълум карданд, ки омода набудан ба издивоҷ, надоштани хонаи хусусӣ, ҷангу даъво миёни зану шавҳар ва дахолати волидайн ба зиндагии оилаҳои ҷавон, аз сабабҳои асосии талоқ дар Тоҷикистон аст.