Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш иҷро шудааст

Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш хабар дод.

Ин ниҳод рӯзи 24-уми май бо нашри иттилоияе гуфт, нақшаи даъват дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз мӯҳлат иҷро шудааст.

Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз шуд.

Вазорати дифоъ гуфт, "сифати чорабиниҳои марбут ба гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб ба назар мерасад".

Аммо имсол дар ду моҳи ахир, марги чор сарбоз -- Исрофил Азимзода, Ғолибҷон Иброҳимов, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода ва Одилҷон Исломзода расонаӣ ва боиси вокунишҳо дар ҷомеа шуд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, соли 2025 ҷиноятҳои ҳарбӣ 123 ададро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 66 адад ҷиноятҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ мебошанд.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта оид ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ 35 муроҷиат сабт шуда, нисбати 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ҷазои интизомӣ дода шудааст.