Дар Тоҷикистон маошу нафақа зиёд мешавад. Аз кӣ ва кай?

Аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони давлатӣ ва нафақа дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёмаш ба порлумон гуфт, маоши кормандони бахши маориф, аз ҷумла муаллимони мактаб 25 дарсад зиёд мешавад.

Маоши дигар кормандони давлатӣ ва низомиён 20 дарсад боло мерафтааст.

Маоши ҳадди ақал аз моҳи сентябри соли оянда 1300 сомонӣ ($140) муқаррар мешавад. Феълан маоши ҳадди ақал дар кишвар 1000 сомонӣ ($108) аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз моҳи сентябр ҳаҷми нафақаҳо дар кишвар на камтар аз 15 дарсад зиёд карда мешавад.

Маошу нафақа дар Тоҷикистон бори ахир моҳи сентябри 2025 зиёд шуда буд.

Вале бо вуҷуди ин дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд.

Кам будани маоши кормандони буҷавӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани фасод гуфта мешавад.