Дар нимаи аввали имсол кори 30 созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон қатъ шудааст.
Ҷаҳонгир Сайдализода, намояндаи Вазорати адлия, рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан дар Тоҷикистон тақрибан 1700 иттиҳодияи ҷамъиятӣ мондааст. Ӯ аз созмонҳое, ки дигар фаъол нестанд, ном набурд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар ин нишаст, "хотима ёфтани маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарастон"-ро яке аз сабабҳои асосии қатъи фаъолияти баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ номид.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони дифоъ интиқод мекунанд. Мақомот ин танқидҳоро қабул надоранд.
Тибқи омори Вазорати адлия, созмонҳои иҷтимоӣ дар нимаи аввали соли равон ин миқдор маблағ ё грант гирифтаанд:
- 46 миллиону 93 ҳазору 363 сомонӣ
- 21 миллиону 852 ҳазору 905 доллар
- 7 миллиону 660 ҳазору 448 евро
- 6 миллиону 424 ҳазору 524 дирҳами Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон давоми чор соли охир аз фишори афзояндаи мақомот шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин фишорҳо баъд аз саркӯби эътирозҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сахттар шуд.
Фаъолони мадании ВМКБ соли 2023 гуфта буданд, ба баъзе аз онҳо фишор овардаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳо худро барҳам диҳанд. Ҳарчанд мақомот он вақт ин шикоятро рад карда буданд.
Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 беш аз 700 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон баста шуданд. Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо моҳи декабри соли 2023 дар Душанбе гуфт, "ин ба нафъи демократисозии ҷомеа нест."