Дар Тоҷикистон чор корхонаи нави семент месозанд

Дар пайи нигаронии сокинон аз камчин шудани семент ва якбора боло рафтани нархи ин маҳсулоти сохтмонӣ дар кишвар, президент Эмомалӣ Раҳмон дастури сохтани чор корхонаи сементро додааст.

Дафтари матбуоти президент навишт, "давоми 2-3 соли оянда, яъне то соли 2029, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна ба истифода дода мешаванд".

Мақомот мегӯянд, бо бунёди ин корхонаҳо иқтидори истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар зиёд шуда, қариб 5 ҳазор кас соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Аммо дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки корхонаҳои нав кай ва аз ҳисоби сармояи кӣ ё кадом кишвар сохта мешаванд? Корхонаҳои сементи Тоҷикистон, ки асосан бо сармоя ва технологияи Чин сохта шудаанд, нигаронии ҳомиёни муҳити зистро ба миён овардаанд.

Сокинон шикоят доранд, ки давоми ду ҳафтаи ахир нархи як халта семент аз 45-50 сомонӣ ба 70-80 сомонӣ расид. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар бисёр мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе семент камёб шудааст.

Рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи камбуди семент дар кишвар баҳс шуд ва раиси ҷумҳур аз ин вазъ интиқод кард. Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Интиқоди президент аз камчин шудани семент дар Тоҷикистон "Аввал камчин шуд, баъд нарх боло рафт". Сабаби гаронии семент дар Тоҷикистон чист? Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон зиёд шудааст"Ҳавои Душанбе бисёр ифлос аст". Тоҷикистон дар сегонаи кишварҳои олудатарини ҷаҳонЧаро Узбекистону Афғонистон сементи Тоҷикистонро кам харидаанд?