Дар Тоҷикистон сар аз имсол ҳар касе, ки барои “ҳалли мушкил” ба фолбин, ҷодугар ё соҳире муроҷиат мекунад, агар ба дасти мақомоти интизомӣ афтад, бештар аз 4500 сомонӣ ва ё тақрибанн 500 доллар ҷарима мешавад.
Матбуоти давлатии Тоҷикистон Қонун дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нашр кард, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, онро рӯзи 17-уми декабр ба имзо расонд. Ҳар қонун дар Тоҷикистон пас аз нашр дар расонаҳои давлатӣ ҳукми иҷро мегирад.
Дар ин санад омадааст: “Барои истифода аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин, ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.” Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 75 сомонӣ таъйин шудааст ва ҳар сол метавонад тағйир ёбад.
Маҳмадалӣ Ватанзода, узви Маҷлиси миллӣ ҳангоми баррасии ин қонун дар палатаи болоии порлумон гуфтааст ҳадаф аз қабули ин қонун "пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ" аст.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Соли 2024 дар Тоҷикистон барои фолбинӣ ва соҳирӣ ҷазо таъйин шуда буд. Аз он замон то кунун гунаҳкоронро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷаримаҳои бузург мебастанд ва ё аз 10 то 15 шабонарӯз паси панҷара ва ё ҳабси маъмурӣ мекарданд.
Дар сурати такрори қонуншиканӣ, ё фолбинӣ мумкин аст, гунаҳкорро то 2 сол ба зиндон маҳкум кунанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон як соли ахир пайваста аз боздошти фолбинону ҷодугарон ва ҷазо додани онҳо гузориш медиҳанд, ҳарчанд пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандонашон ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли равон "495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ" сабт шудааст. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, имсол танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.