Дар сӯхтори бозори Хоруғ чандин дӯкон ба коми оташ рафт

Дар пайи сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Хоруғ як қаҳвахона ва чанд дӯкон ба коми оташ рафтааст. Ҳодиса рӯзи 27-уми июл рух дод.

Як манбаъ дар Идораи оташнишонии шаҳри Хоруғ рӯзи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "сӯхтор соати 15:14 сар шуда, соати 18:30 пурра хомӯш карда шуд."

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз қаҳвахонаи "Мурғоб" дар ин бозор сар шудааст.

Сабаби оташсӯзӣ ва ҳамчунин зарари расида маълум нест.

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон дар як посухи катбӣ дар рӯзи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ навишт, ки барои фӯру нишондани оташ 5 мошин бо 72 корманди хадамот сафарбар карда шуданд.

Дар ин нома омадааст: “Ҳангоми ҳозир шудани кормандон ба ҷойи сӯхтор муайян карда шуд, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ дохил ва болопӯши мағозаҳои кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Хоруғро алангаи оташ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар биноҳои ҳамшафат таҳдид мекард. Дар амалиётҳои саривақтӣ сӯхтор дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.”

Ҳеч касе дар ин фалокат осеб надидааст. Риоят накардани меъёрҳои бехатариро, яке аз сабабҳои асосии оташсӯзӣ дар бозору мағоза ва дигар иншооти Тоҷикистон меноманд, ки тақрибан ҳар сол такрор мешаванд ва даҳҳову садҳо соҳибкору тоҷирро муфлис мекунанд.

Навор дар Инстаграм:

Ин бори аввал нест, ки дар бозори шаҳри Хоруғ сӯхтор мешавад.

Соли 2022 низ ин бозор оташ гирифта буд.