Дар шаш моҳи аввали имсол дар Қирғизистон 6 духтар бо ҳадафи издивоҷ рабуда шудаанд.
Дар ин бора як масъули Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Элиз Шалбоев 31-уми июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба панҷ маврид парвандаи ҷиноӣ боз ва ба додгоҳ фиристода шудааст. Як парвандаи дигарро ба далели набудани ҷиноят қатъ карданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар нимсолаи аввал ду ҳолати издивоҷи маҷбуриро ошкор кардаанд.
Масъалаи арӯсрабоӣ дар Қирғизистон як мушкили ҷиддӣ аст, ки бо вуҷуди ҷорӣ кадани ҷазои ҷиноӣ барои ин кор аз соли 2013 то ҳол решакан нашудааст. Дар давоми солҳои охир чанд мавриди марги духтарон ва ба хушунати хонаводагӣ печидани ин қазияҳо сабт шудааст.