Дар Санкт-Петербург боз як шуғли дигар барои муҳоҷирон манъ шуд

Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Санкт-Петербург, дуюмин шаҳри калонтарини Русия, маҳдудияти кор кардани муҳоҷирон дар бахши бурдарасонӣ ё курйер эътибор пайдо кард.

Сар аз 22-юми ноябр хориҷиёне, ки иҷозаи кор ё патент ҳам доранд, дигар наметавонанд дар бахши хидматрасонии курйерӣ кор кунанд.

Бар асоси қарори волии Санкт-Петербург, ки моҳи август ба имзо расид, расондани ғизо ва тамоми намуди молу коло барои муҳоҷирон манъ аст.

Мақомоти Санкт Петербург ҳадаф аз қабули ин қарорро "мубориза бо кори пиҳонӣ, беҳтар кардани хадамот дар бахши колорасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Русия, пеш аз ҳама ҷавонон ва донишҷӯён", гуфтаанд.

Расондани молу коло ё курйер як кори даромаднок барои муҳоҷирон гуфта мешуд. Ба гуфтаи ширкатҳои хидматрасонии курйерӣ, Санкт-Петербург ба шаҳре табдил меёфт, ки курйерҳои он дар Русия назар ба ҳамкоронашон дар дигар шаҳрҳо "пули аз ҳама бештар мегирифтанд".

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи "Фонтанка", дар рӯзи аввали маҳдудият, нархи бурдарасонӣ дар бархе аз минтақаҳои Санкт-Петербург беш аз 40 дарсад афзоиш ёфтааст.

Пеш аз ин ҳукумати Санкт-Петербург аз 8-уми ноябри имсол шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум кард. Бар асоси ин қарор, ҳоло ҳазорон муҳоҷир, бахусус аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Молдова ва Украина бекор мондаанд.

Мақомоти Русия дар солҳои ахир маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кориро бештар карда, кор кардани шаҳрвандони хориҷиро дар чандин соҳаҳо манъ кардаанд.