Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи ахир дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар 8 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расидаанд.
Вазорат рӯзи 11-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, яке аз маргбортарин садамаҳо рӯзи 9-уми май дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст. Дар инҷо дар ҳудуди ноҳияи Деваштич як ронанда ҳангоми ҳаракат, зоҳиран идораи мошинро аз даст дода се нафареро, ки назди як мошин дар канори роҳ меистодаанд, задааст.
Ҳарсе аз ҷумла як модару фарзандаш ба ҳалокат дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд. Худи ронанда зинда мондааст.
Тифли чаҳорсоларо дар ноҳияи Восеъ як ронандаи 22-сола зер кардааст.
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва сабабҳои онро роҳҳои ноҳамвори кӯҳистонӣ, суръати баланд ва риоят накардани қоидаҳои роҳ меноманд.