Дар шаҳри Коломнаи вилояти Маскав дар ҷараёни ковишҳои бостоншиносӣ ганҷи қадимиву бисёр арзишманде пайдо шудааст. Гурӯҳи донишмандони Пажӯҳишгоҳи археологияи Академияи илмҳои Русия, ки бо ковишҳо дар маркази шаҳри Коломна машғул будааст, дар наздикиҳои қалъа як кӯзаро пайдо кардааст, ки дар дохилаш 2600 тангаи нуқраии қадимии сохти маҳаллӣ ҷой дошт. Дар ин бора рӯзи 26 август худи донишмандон бо нашри як видео хабар доданд.
Донишмандон мегӯянд, ки аксари ин тангаҳо дар асри 15 дар худи Коломна сохта шудааст. Коломна дар он давра баъди Маскав дуюмин муҳимтарин шаҳри таҳти назари шоҳзода Василий Донской будааст. Донишмандон мегӯянд, ки дар миёни бозёфтҳои онҳо ҳам намунаҳое аз тангаҳои шинос ва ҳам бисёр нодир ё беназир дида мешаванд.
Худи ганҷи ёфтшуда азимтарин намунае аз бозёфтҳои асри 15 дониста мешавад. Тахмини донишмандон ин аст, ки тангаи зиёде дар як кӯза метавонад моли кадом соҳибкор ё сокини маҳаллии сарватманде бошад, ки дар хидмати шоҳзода қарор доштааст.