Дар Қрими ишғолӣ ҳавопаймои ҷангии навъи Су-30-и Русия суқут кардааст.
Хабаргузории русии "Интерфакс" бо такя ба Вазорати мудофиаи Русия навиштааст, ки ҳавопаймои ҷангӣ соати 11:00-и рӯзи 3-юми апрел ҳангоми парвози таҳрезишудаи омӯзишӣ ба садама дучор шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, парвоз бидуни лавозимоти ҷангӣ сурат гирифтааст. Сарнишинон бо васоили хос, ки маъмулан ҳангоми рух додани садама истифода мешаванд, худро ба замин андохта, наҷот ёфтаанд.
Аз ин пеш, рӯзи 31-уми март низ дар Қрими ишғолӣ ҳавопаймои низомии боркаши Ан-26-и Русия суқут карда буд. Расонаҳо навиштаанд, ки дар дохили он 30 нафар, ҳафт сарнишин ва 23 мусофир будаанд, ки ҳалок шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, ин ҳавопаймо ба кӯҳпора бархӯрдааст. Мақомоти Русия сабаби садамаро "нуқси техникӣ" номидаанд.
Бахши русии Би-би-си навиштааст, ки дар миёни кушташудагон эҳтимол генерал-лейтенант Александр Отрошенко низ будааст.
Қрим, як бахше аз хоки Украина буд, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст.