Дар пайи таҳдиди Саудӣ, Иморот нерӯҳояшро аз Яман берун кард

Валиаҳди Арабистони Саудӣ ва раисҷумҳури Имороти Муттаҳидаи Араб.

Танишҳо миёни Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб бар сари таҳаввулоти Яман ба таври камсобиқа ошкор шудааст. Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 30-юми декабр эълон кард, ки нерӯҳои боқимондаи худро аз Яман берун бурд. Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки Арабистони Саудӣ барои хориҷ шудани онҳо зарбулаҷали 24-соатаӣ таъйин карда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 30-юми декабр аз Имороти Муттаҳидаи Араб хост, давоми 24 соат нерӯҳои низомии худро аз Яман берун карда, ҳар гуна ҳимояти низомӣ ва молиро аз гурӯҳҳои фаъол дар ин кишвар бас кунад. Дархосте, ки ҳукумати Яман мустақар дар Адан аз он ҳимоят кардааст.

Дар баёнияи Риёз таъкид шудааст, ки иқдомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ва пешравии нерӯҳоии ҷудоиталаби мавриди ҳимояти Абузабӣ дар ҷануби Яман, "таҳдиди мустақим барои амнияти миллии Арабистони Саудӣ" ба шумор меравад ва ин кишвар ҳар гуна таҳдид алайҳи амнияти худро "хатти сурх" медонад.

Ин мавзеъгирӣ пас аз он матраҳ шуд, ки эътилофи низомӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки бастаҳое аз аслиҳа ва худравҳои зиреҳии ирсолшуда аз сӯи Имороти Муттаҳидаи Араб ба нерӯҳои "Шӯрои интиқолии ҷануб"-ро дар Бандари Мукалло ҳадаф қарор додааст.

Ба гуфтаи мақомҳои Саудӣ, ин аслиҳа бе иҷозат вориди Яман шуда, қарор буд дар ихтиёри нерӯҳои ҷудоиталаб қарор гирад. Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 30-юми декабр фиристодани аслиҳаро ба ҷудоиталабони Яман рад кард.

Сухангӯи ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Араб дар паёме дар шабакаи Х навишт, "бастаҳои мавриди назар ҳеч гуна силоҳе дар бар надошт ва мошинҳои холишуда низ барои ҳеч як аз тарафҳои яманӣ дар назар гирифта нашуда буд". Ӯ афзудааст, вуруди ин бастаҳо бо ҳамоҳангии Риёз анҷом шудааст.

Пас аз ин паём низ, Имороти Муттаҳидаи Араби рӯзи сешанбе эълон кард, ки нерӯҳои боқимондаи худро аз Яман берун кардааст. Дар баёнияе, ки аз сӯи Вазорати дифои Иморот нашр шуд, омадааст, "Вазорати дифоъ маъмурияти тимҳои боқимондаи мубориза бо терроризм дар Яманро эълом мекунад".

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки Абузабӣ ин тасмимро "бо ибтикори худ, бо замонатҳои амниятӣ барои нерӯҳояш ва дар ҳамоҳангӣ бо шарикори зидахл" рӯи даст гирифтааст.

Ҳамзамон, Рашод Ал-Алимӣ, раиси Шӯрои раҳбарии раёсатҷумҳури Яман, вазъияти изтирории 90-рӯза эълон кард, созиши амниятӣ бо Имороти Муттаҳидаи Арабро бекор намуд ва дастур дод, ки нерӯҳои иморотӣ зарфи 24 соат аз хоки Яман берун шаванд. Ӯ ҳамчунин аз бастани муваққати бандарҳо ва гузаргоҳҳои марзии Яман хабар дод.

Дар ҳафтаҳои охир нерӯҳои ҷудоиталиби ҷануби Яман, ки аз ҳимояти Имороти Муттаҳидаи Араб бархӯрдоранд, бо пешравии сареъ дар вилояти ҷанубӣ, бахшҳое калонеро тасарруф карданд. Таҳаввуле ки ба гуфтаи нозирон, Арабистони Саудиро, ки ҳомии аслии ҳукумати барасмиятшинохташудаи Яман аст, дар мавқеияти душвор қарор додааст.

Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ки пештар дар чорчӯби эътилофе муштарак алайҳи ҳусиҳои таҳти ҳимояти Эрон ҳамкорӣ мекарданд, акнун бар сари ояндаи сиёсӣ ва амнияти Яман ба таври ошкор дар рӯёрӯӣ қарор гирифтаанд.

Як мақоми низомии Яман гуфт, ҳудуди 15 ҳазор ҷангҷӯи таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ дар наздикии марзи Саудӣ бо Яман ҷамъ омадаанд, аммо ба онҳо дастури пешравӣ ба тарафи минтақаҳои таҳти назорати ҷудоиталабон дода нашудааст.