Дар осмони Эстония се ҷангандаи Русия мушоҳида шудааст

Ҳавопаймои русии навъи ИЛ-20М

Рӯзи якшанбеи 21-уми сентябр ду ҳавопаймои ҷангии олмонии Eurofighter барои пешгирӣ аз ҳаракати ҳавопаймои русии ҷосусии Ил-20М дар ҳарими ҳавоии баҳри Балтик ба ҳаво бархостанд

Дар изҳороти намояндагии Олмон дар НАТО гуфта шудааст, ки ҳавопаймо ба дархости тамос посухе намедод, аз ин рӯ ду ҷангандаи олмонӣ аз пойгоҳи ҳавоии Росток-Лааге дар Олмон ба ҳаво бархостанд.

Дар вақтҳои охир вазъ дар минтақаи баҳри Балтик бо сабаби хабарҳо дар бораи нақзи ҳарими ҳавоии Аврупо кардани ҳавопаймоҳои русӣ пуртаниш шудааст. Рӯзи 19-уми сентябр Эстония гуфт, ки се ҷангандаи русӣ дар осмони халиҷи Фин ҳарими ҳавоии онро убур кард. Таллин барои баррасии моддаи 4-уми паймони НАТО дар ин замина ташкили ҷаласаеро дархост кардааст.

Мақомоти Эстония гуфтанд, ки ҳавопаймоҳо ҳеҷ нақшае барои парвоз надоштанд, дастгоҳҳои аломатдиҳии онҳо хомӯш буд ва бо нозирони заминӣ ё диспетчерҳо дар иртибот набуданд. Аз ин рӯ, мешавад хулоса кард, ки онҳо махсусан ба ҳарими ҳавоии Эстония ворид шуданд.

Маскав ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки парвози се ҳавопаймои навъи МиГ-31 аз қисмати шимолу ғарби Русия ва Калининград дар минтақаи ҳоил сурат гирифт.

Рӯзи душанбе, 22-юми сентябр ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар заминаи нақзи ҳарими ҳавоии Эстония баррасӣ мешавад.