Дар Молдова интихоботи порлумонӣ оғоз шуд

Мая Санду баъд аз овоздиҳӣ

Рӯзи 28-уми сентябр дар Молдова интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Нуқтаҳои овоздиҳӣ соати 7 боз шуданд ва қарор аст раъйдиҳандагон то соати 21 мавқеи худро маълум кунанд.

Ин интихобот барои Молдова сарнавиштсоз гуфта мешавад, чун маълум мекунад, ки роҳи ин кишвар барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо идома мекунад ё Молдова ба Русия наздик мешавад.

Дар интихоботи порлумонии Молдова 14 ҳизб ва чор номзади мустақил иштирок доранд. Рақобати асосӣ миёни ҳизби ҳокими "Амал ва ҳамбастагӣ" ва аҳзоби рӯ ба Маскав, аз ҷумла ҳизбҳои сотсиалистӣ ва комунистӣ мегузарад.

Мая Санду, раиси ҷумҳури феълии Молдова субҳи барвақт раъй дод ва аз шаҳрвандон хост, ки дар интихобот фаъолона ширкат карда, аз демократияи кишвар муҳофизат кунанд. "Молдова, хонаи ҳамаи мо дар хатар қарор дорад, имрӯз ҳамаи шумо муҳим ҳастед. Шумо метавонед бо раъйи худ кишварро наҷот диҳед", - гуфт Санду.

Ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ", ки роҳбараш Майя Санду аст, аз соли 2021 аксарияти курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. Аммо назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳизб мумкин мавқеи худро аз даст диҳад.

Санду дар остонаи интихобот аз мардуми кишвараш хост, ба тарафдорӣ аз неруҳои рӯ ба Аврупо овоз диҳанд, чун Русия маблағи зиёде сарф кардааст то Молдоваро ба сӯи худ кашад. Раиси ҷумҳури Молдова мегӯяд, Русия "миллионҳо доллар сарф карда" талош дорад, ки овози интихобкунандагонро бихарад. Маскав дахолат дар умури дохилии кишварҳои дигарро рад мекунад.