Дар миёни рақобати Амрикову Чин Қазоқистон таҳти фишор мондааст

Қазоқистон моҳи июни соли 2026 ба тарҳи PAX SILICA ҳамроҳ шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин ҳар кадом бо тарҳҳои хоси худ барои шакл додани ояндаи ҳушвора ва ё ҳуши маснӯӣ дар рақобатанд ва дар ин миён Қазоқистон шояд маҷбур шавад яке аз онҳоро интихоб кунад.

Қазоқистон ягона кишварест, ки ҳам ба тарҳи таҳти раҳбарии Амрико бо номи «Pax Silica» ва ҳам ба тарҳи Созмони Ҳамкориҳои Байналмилалии Ҳуши Маснӯӣ (WAICO)-и Чин пайвастааст. Акнун сиёсати хориҷии бисёрсамта ва деринаи Остона таҳти фишори рақобати Вашингтон ва Пекин барои тақвияти нуфузи технологӣ дар кишварҳои ҷаҳон мондааст.

Ин мавзеъгирии ғайриодӣ таваҷҷӯҳ ва нигаронии Вашингтонро ба бор овардааст, зеро Амрико саъй дорад, нуфузи Чинро дар арсаи ҳуши маснӯӣ ва занҷираҳои таъминоти он маҳдуд созад. Хабаргузории «Ройтерз» моҳи август, хабар дод, ки мумкин аст, ҳукумати Амрико, ба зудӣ ба даҳҳо кишвар расман огаҳӣ фиристад, ки бояд аз байни ин ду тарҳҳои рақиб якеро интихоб кунанд.

Дар тарҳи номаи вазорати умури хориҷии Амрико, ки «Ройтерз» онро дидааст, омадааст, кишварҳое, ки ба тарҳи Чин пайвастаанд, мумкин аст аз тарҳи таҳти раҳбарии Амрико хориҷ карда шаванд. Дар ин нома гуфта мешавад, “дар ҳама ҷо будан маънои дар ҳеч ҷой набуданро дорад» ва ширкат дар «Pax Silica»-ро на танҳо як узвияти одӣ, балки як ӯҳдадории ҷиддӣ номидааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳуши маснӯӣ ва ё ҳушвора инсониятро аз байн мебарад?

Ҳангоми нашри ин гузориш зоҳиран тарҳи нома фиристода нашуда буд ва ҳеч хабаре ҳам аз тақозои расмии Вашингтон барои хуруҷи Қазоқистон аз яке аз ин тарҳҳо нарасидааст. Номаи мазкур нишон медиҳад, ки нигоҳ доштани муносибатҳои иқтисодиву фаннӣ бо ҳар ду қудрати ҷаҳонӣ барои кишварҳое чун Қазоқистон торафт душвортар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Чин маҷбур кардани кишварҳо ба интихоби як тарафро танқид кардааст. Сафорати Чин дар Вашингтон аз Иёлоти Муттаҳида хост, ки аз даъвати кишварҳо ба интихоби танҳо яке аз ин тарҳҳо ва сиёсӣ кардани масъалаҳои тиҷорату технология даст кашад.

Ин фишорҳо дар ҳоле афзоиш меёбанд, ки ҳушвора ва ё ҳуши маснӯӣ ҳарчӣ бештар бо амнияти миллӣ, саноат, энергетика ва зербунёдҳо пайванд мехӯрад. Ташаббуси «Pax Silica», ки Вашингтон моҳи декабри соли 2025 аз оғози он хабар дод, ба ҳифзи амнияти занҷираҳои таъминоти маъданҳои нодири стратегӣ, нимноқилҳо, энергетика, марказҳои коркарди иттилот ва зербунёдҳои зарурӣ барои иқтисоди ҳушвора тамаркуз дорад. Ҳоло 25 кишвару созмон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон ва Сингапур ба он пайвастаанд.

Қазоқистон 25-уми июн ин эъломияро имзо кард ва нахустин кишвари Осиёи Марказӣ шуд, ки ба ин ташаббус пайваст. Созмони WAICO 16-уми июл дар Шанхай таъсис ёфт ва 29 кишвар созишномаи таъсиси онро имзо карданд. Ба он Чин, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Индонезия ва Бразилия шомил мешаванд. Ин созмон мегӯяд, ҳадафаш ташвиқи ҳамкории байналмилалӣ дар заминаи мудирият, меъёрҳо ва рушди ҳуши маснӯӣ ва коҳиши тавофути технологӣ миёни кишварҳост.

Барои Қазоқистон ҳар кадоме аз ин тарҳҳо имкониятҳои худро фароҳам мекунад. Вашингтон гуфтааст, «Pax Silica» бо ҳадафи эҷоди занҷираҳои боэътимоди таъминот дар бахшҳои маъданшои нодир, нимноқилҳо, истеҳсол, энергетика ва зербунёдҳои ҳуши маснӯӣ тарҳрезӣ шудааст. Ташаббуси мазкур метавонад, ба сармоягузориҳои таҳти раҳбарии Амрико, технология ва шарикӣ дар занҷираи таъминот роҳро боз кунад. Қазоқистон, ки дорои захираҳои бузурги маъданҳои нодир барои технологияҳои пешрафта ва зербунёдҳои ҳушвора аст, як муттаҳиди махсусан муҳим дар ин ташаббус ба ҳисоб меравад.

Айни замон, WAICO ба Қазоқистон нақше дар чаҳорчӯби ҳамкории байналмилалӣ дар арсаи рушди ҳушвора бо раҳбарии Чин пешниҳод мекунад. Пекин моделҳои AI дар манобеи бозро ҳамчун интихоби қобили дастрасӣ барои кишварҳое ташвиқ мекунад, ки тавоноии молиявӣ ё дастрасӣ ба фанновариҳо аз манобеи хусусӣ ва бастаро надоранд.

Қазоқистон таъкид мекунад, ки ширкати он дар ҳар ду тарҳ ба сиёсати хориҷии бисёрсамтии он мувофиқ аст. Раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев чанде пеш дар як мусоҳиба бо хабаргузории «Сининхуа»-и Чин гуфт, ки ҳушвора бояд ба башарият хидмат кунад ва кишварҳо бояд ба фанновариҳои муосир дастрасии оқилона дошта бошанд.

Тоқаев бо ишора ба узвияти Қазоқистон дар WAICO гуфт: «Муносибати мо ба мавқеи Чин дар ин масъала мувофиқат мекунад» ва ин иқдомро қадаме ба самти «системҳои байналмилалии боз ва босамар» барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар арсаи ҳуши маснӯӣ номид. Ин сиёсати тавозун солҳост, ки ба нафъи Қазоқистон хидмат мекунад.

Ин кишвари саршор аз захираҳои табиӣ муносибатҳои наздики иқтисодиро бо Чин нигоҳ дошта, ҳамзамон робитаҳояшро бо Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо густариш додааст. Остона сармояи Ғарбро дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи конҳо ҷалб карда, ҳамзамон робитаҳои амиқи худро бо кишварҳои ҳамсоя Русия ва Чин нигаҳ доштааст.

Шарикони боэътимод

Аммо ҳуши маснӯӣ мумкин аст, майдони ҳаракатҳои Қазоқистонро тангтар кунад. Бархилофи тиҷорати анъанавӣ, ҳуши сунъӣ торафт бештар зербунёдҳои муҳими стратегӣ, компютерҳои пешрафта, марказҳои коркарди иттило, нимноқилҳо ва технологияҳо барои истифодаи низомиро фаро мегирад. Вашингтон мегӯяд, ки мехоҳад, тамоми кишварҳои шомил дар тарҳи «Pax Silica» на фақат ҳамкори тиҷоратӣ, балки дар ин замина ҳам шарики боэътимод бошанд.

Як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: «Тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ тавр як кишвар метавонад, худро ҳамчун шарики боэътимод дар як тарҳи фарогири технологӣ ҷой диҳад ва ҳамзамон зери тарҳе имзо гузорад, ки Чин барои пешбурди дидгоҳи рақиб дар арсаи ҳуши маснуӣ тарҳрезӣ кардааст.»

Захираҳои маъданҳои нодир ва стратегии Қазоқистон аҳамияти онро дар занҷираи таъминоти нави ҳуши маснӯӣ зиёд мекунанд ва мавқеи ҷуғрофиаш онро ба як шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.

Вилдер Алехандро Санчес, таҳлилгар ва мудири маркази «Second Floor Strategies» дар Вашингтон ба Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: «Ман фикр намекунам, ки Остона бо пайвастан ба ҳар ду тараф хато карда бошад. Аммо ба назар мерасад, ки муҳосибаи Остона дар як чиз хато будааст, яъне пешбинӣ накард, ки Вашингтон хати сурх мекашад ва ба Қазоқистон мегӯяд, ки бояд аз байни ду тараф якеро интихоб кунад.»

Ӯ афзуд, Остона метавонад, бо Вашингтон вориди музокирот шуда, возеҳ бигӯяд, ки намехоҳад миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин якеро интихоб кунад. Ҳоло Қазоқистон маҷбур нашудааст, ки чунин интихобе кунад, аммо рақобати нав нишон медиҳад, ки сиёсати анъанавии бисёрсамтаи он мумкин аст, дар бахши технология нисбат ба дигар соҳаҳо ба озмоиши сахттар рӯ ба рӯ шавад.

Мумкин аст, суоли асосӣ барои Остона дар ниҳоят танҳо ин набошад, ки бо кадом кишварҳо тиҷорат кунад, балки ин бошад, ки барои сохтани зербунёдҳои ҳуши маснӯии худ ба кадом системаҳои технологӣ кунад.

Кен Мориясу, таҳлилгари Институти Ҳадсон мегӯяд, тавоноии Қазоқистон дар ҳифзи робитаҳо ҳам бо Вашингтон ва ҳам бо Пекин метавонад барои худи Иёлоти Муттаҳида як сармоя бошад. Ӯ гуфт, ки нармишпазирии Остона ба кишвар кӯмак мекунад, ки аҳамияти худро дар стратегияи Амрико дар Авруосиё ҳифз намояд.

Ӯ ба нашрияи «The Astana Times» гуфтааст: «Ин мавқеи бисёр нармишпазири Қазоқистон барои стратегияи Амрико бисёр муфид аст. Нигоҳ доштани Қазоқистон ҳамчун муттаҳид ва шарики боэътимод дар ин талошҳо назар ба маҷбур кардани он ба интихоби як тараф дар «Pax Silica» муҳимтар аст.»