Дар Миннесотаи ИМА корманди федеролӣ як сокинро куштааст

Садҳо сокини Миннесота бар зидди боздошти муҳоҷирон эътироз доранд.

Дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесота рӯзи 24-уми январ як корманди Хадамоти федеролии марзбонии ИМА сокини маҳаллиро бо зарби тир куштааст.

Хадамоти федеролии марзбонӣ ва гумрук гуфтааст, ки кормандаш аз худ дифоъ кардааст.

Ин дуюмин ҳодисаи кушта шудани сокини маҳаллӣ дар ин шаҳр аст.

Дар ҳодисаи ним моҳи пеш, Рене Гуд, як зани 37-сола низ дар чунин ҳодисае кушта шуда буд.

Хадамоти федеролии марзбонӣ бо ҳадафи ошкору боздошт кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ин аёлат сафарбар шудаанд.

Ҳарду кушта шуда шаҳрвандони Амрико ҳастанд.

Расонаҳо хабар доданд, ки марди кушташуда Алекс Преттии 37-сола, корманди бахши эҳёгарӣ дар як бемористон будааст.

Вазорати амнияти дохилии ИМА иддао кардааст, ки кормандони Хадамоти марзбонӣ мехостанд, як муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кунанд, вале Алекс Претти садди роҳ шуда, бо тапонча муқовимат нишон додааст.

Мақомоти Миннесота пас аз дидани наворҳои видеоӣ, фарзияи ҳукумати федералиро дар бораи "муқовимат" дурӯғ хонданд. Тим Уолз, губернатори Миннесота аз Кохи Сафед талаб кард, ки фавран ҳазорон пулиси "бетаҷриба ва хушунаткор"-ро аз Миннесота берун кунад.

Президент Доналд Трамп танқидҳоро рад карда, роҳбарияти аёлатро ба "барангехтани ошӯб" муттаҳам кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар ҷараёни амалиётҳо 12 ҳазор муҳоҷири ҷинояткор боздошт ва ихроҷ шудаанд.

Дар Миннеаполис сарфи назар аз сармои шадид, эътирозҳо зидди амалиёт алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дорад.