Муфаттишон дар шаҳри Кӯлоб марги Райҳона Хайригуловаи 19-сола ва хоҳари 10-солаи шавҳарашро таҳқиқ доранд. Ҷасади ҳардуи онҳо шаби 21 декабр аз ҳаммоми хонаашон дар маҳаллаи Нуробод пайдо шудааст.
Як манбаъ дар Идораи милисаи Кӯлоб рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳодиса шаби тӯйи Райҳона ва пас аз хомӯш шудани нерӯи барқ иттифоқ уфтод”.
Мусоҳиби мо бо шарти фош нашудани номаш афзуд: “Дар ҳаммом дастгоҳи хурди барқдиҳӣ (движок) гузошта будаанд. Бо эҳтимоли зиёд онҳо аз задани барқ ҷон додаанд.”
Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо аъзои хонавода ва гирифтани ҷузъиёти воқеа то ин дам натиҷа надод. Ду сокини маҳаллаи Нуробод дар Кӯлоб гуфтанд, ки ҳамон шаб ҷасадҳоро ба бемористон бурда буданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фавти арӯс ва хоҳари шавҳараш дар шаби тӯй
Аз моҳи сентябр ба ин тараф мардум дар минтақаҳои Тоҷикистон бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Мақомот вазъро ба камии об дар обанборҳо пайванд доданд. Сокинон хонаҳояшонро бештар бо дастгоҳҳои хурди барқдиҳӣ ва панелҳои офтобӣ рӯшан ва бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд.
Як моҳ пеш дар ноҳияи Восеъ ҷасади ду наврасеро аз ҳаммоми хонаашон пайдо карданд. Мақомот сабаби марги онҳоро заҳролудшавӣ аз дуд номиданд.
Дар оғози моҳи декабр дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт низ як зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расиданд.
Ҳар гоҳ ва бо нашр шудани ингуна хабарҳо корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро барои ҳал накардани норасоии нерӯи барқ танқид мекунанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш ваъдаи қаблияшро такрор кард, ки ин душворӣ соли 2027 ва бо фаъол шудани чархаи дигаре аз нерӯгоҳи "Роғун" аз байн хоҳад рафт. Вале то он вақт тақрибан ду соли дигар ҳаст.