Дар кори Ютуб дар Русия мушкил пеш омадааст

Gun Violence YouTube

"Сбой.рф" хабар дод, ки дар кори шабакаи Ютуб (YouTube) дар Русия мушкил пеш омадааст.

То субҳи 1-уми август беш аз 800 корбар дар Русия шикоят кардаанд, ки ҳангоми истифодаи ин шабакаи иҷтимоӣ бо мушкил рӯбарӯ шуданд.

Теъдоди шикоятҳо асосан дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Новосибир ва Краснодари Русия бештар аст.

Пештар вакили Думаи давлатии Русия Александр Хинштейн хабар дод, ки суръати кори Ютуб дар ин кишвар баъд аз як ҳафта то 70 дарсад суст мешавад.

Ба қавли Хинштейн, сустшавии кори Ютуб дар Русия феълан танҳо ба компютерҳо дахл дорад ва гузинаи мобилии ин барнома мисли пештара фаъол хоҳад буд.

Ин вакили рус ин тасмимро “қадами маҷбурӣ” хонд, ки ба гуфтаи ӯ нисбат ба масъулони Ютуб равона шудааст. Хинштейн бовар дорад, ки поин кардани суръати кори Ютуб шумораи асосии корбаронро кам намекунад, чун аҳолӣ феълан дар таътил ҳастанд ва аз замимаи мобилии Ютуб истифода мебаранд.