Абдумалик Сиддиқов, раиси деҳаи Нурафшони ин шаҳр мегӯяд, барои гузаронидани хатти обу мумфарш кардани роҳҳо баъзе дарахтҳоро бурид ва акнун додгоҳ ӯро барои расондани осеб ба табиат ҷаримае баст, ки тавони пардохташро надорад.
Абдумалик Сиддиқов се сол боз раиси деҳаи Нурафшон дар ҷамоати Патари Конибодом аст. Ӯ то ин вақт дар Русия ошпаз буд ва бо даъвати сокинон ба ватан баргашта, ин вазифаи ҷамъиятиро ба дӯш гирифт. Сиддиқов мегӯяд, дар оғози фаъолияташ тавассути Оҷонсии рушди ИМА USAID барои гузаронидани об маблағгузорӣ дарёфт карданд ва ин чиз барояшон илҳом бахшиду ободкориро дар самтҳои дигар ҳам ба роҳ монданд.
Абдумалик Сиддиқов, раиси деҳаи Нурафшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокини маҳаллӣ “Ҳоҷӣ Толибҷонака Эгамбердиев ба ҳаҷ нарафта 700 метр роҳро аз ҳисоби оилаашон мумфарш намуданд. Ҳоло ин шахс дар қайди ҳаёт нестанд, вале мардуми маҳаллӣ он касро ҳамеша дуо мекунад». Баъди ин, ба гуфтаи ӯ, роҳи дуюмро сокинони деҳа ба пули ҳаҷҷашон обод карданд. Соҳибкорону муҳоҷирони корӣ ҳам ҳамроҳ шуданд.
Ба ин тартиб, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар деҳаи Нурафшон кӯчаи марказиву чаҳор хиёбони дигар, яъне тақрибан 7 километр роҳро бо ҳашар ва саҳми мардум мумфарш кардаанд. Сокинон аз ин кори худ хушҳол ҳастанд.
Ҳасанбой Халилов, як сокини дигари Конибодом мегӯяд, “Пештар ин кучаҳо чунон танг буд, ки фақат мототсикл ё мошинҳои хурд мегузашт». Халилов гуфт, барои васеъ кардани роҳ сафедорҳои қади роҳро гирифтанд. «Чунки инҷо хатти баландшиддати барқ ҳам буд ва ба он халал мерасонд, - мегӯяд Халилов. - Даҳ сол пеш ба сафедор расида сӯхтор шуда буд ва инро идораи барқ ҳам медонад. Барои ҳамин дарахтҳоро гирифтем. Ин асфалту роҳро бинед. Ҳама як шуда ҳамин корро кардем”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокини Конибодомро баъди обод кардани роҳи деҳа ҷазо медиҳанд
Вале ҳамин дарахтбурӣ сабаби мурофиаи додгоҳӣ шуд ва талошҳои дигарро боздошт.
Сабоҳат Пайғомова, сокини шаҳри Конибодом мегӯяд, ҳар коре карданд, барои манфиати мардуми маҳал буд. “Мошини Ёрии таъҷилӣ ё сӯхторхомушкунӣ омаданаш мумкин, вале бо роҳи танҳ даромада наметавонад. Барои ҳамин бояд шароит бошад. Мо дигар кӯчаҳоро васеъ кардем, вале навбат ба ин кӯча омада буд, ки кормандони экология ба мо мушкилӣ пеш оварданд. Ба ҳамин хотир кори мо бозистод. Ба ҳама масъалаҳо мардуми мо аҳлона саҳм мегузоранд. Раиси мо даводавӣ карда истодаанду лекин мушкили пешомада фақат бо кормандони экология вобаста аст”.
Барои бе иҷозат буридани беш аз 60 дарахти сарсабзу сояафкан моҳи феврали имсол нисбати Абдумалик Сиддиқов аз рӯи моддаи “Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо” парванда боз шудааст. Масъулини идораи муҳити зист мегӯянд, буридани дарахти сарсабз қонуншиканӣ мебошад.
Фирдавс Ёдгорӣ, мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳукмати шаҳри Конибодом дар шарҳи ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дарахтбурӣ ба ободонӣ дахле надорад. Ӯ дарахти тарро буридааст. Ин кори ӯ баръакс, зарар ба табиат ҳисоб мешавад. Мо ин ҳолатро ошкор кардем ва ба прокуратура пешниҳод намудем. Парванда оғоз карданд. Худаш ба кори кардагиш иқрор шуд. Суд баррасӣ кард”.
Додгоҳи шаҳри Конибодом ҳафтаи гузашта Сиддиқовро ба маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Комилҷон Ғанизода, додраси парванда дар ҳукми содирнамудааш гуфтааст, ки дар сурати пардохти ҷарима маҳкумшуда метавонад озодона ба фаъолияти худ идома диҳад. Вале Сиддиқов мегӯяд, аз ҳукм норозист ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.
Абдумалик Сиддиқов, раиси деҳаи Нурафшон мегӯяд, намедонад ин маблағро аз куҷо мегирад. Ба гуфтааш, ӯ дар масъулияти раиси деҳа ҳам «бе як тин маош» кор мекунад. Сиддиқов мегӯяд, чунин бархӯрди мақомот ӯро дилсард кардааст: «Фақат бонусаш меҳнату мукофоташ мана ҳамин маҳсули кор аст. Раҳмати калон...”
Дар ҳамин ҳол Султон Пирзода, ёрдамчии Додситони шаҳри Конибодом чанде пеш дар рӯзномаи ҳукуматии «Садои Конибодом» оиди қонуншикании Абдумалик Сиддиқов матлабе ба нашр расонида ин амали ӯро маҳкум намудааст. Ин додситон дар идомаи матлабаш афзудааст, ки “танҳо дар шаҳри Конибодом барои ҳимоя накардани муҳити зист ва ифлос намудани ҳавову табиат 32 парвандаи маъмуриро баррасӣ намуда истодаанд” ва сокинонро барои риоя кардани қонуни ҳифзи муҳити зист даъват намудааст.
Чанде аз сокинони Нурафшон бо ҷонибдорӣ аз заҳматҳои Абдумалик Сиддиқов дархост кардаанд, ки ба хотири талошҳояш дар ободиҳо, аз ҷумла кашидани хатти об ва навсозии роҳу толори варзишу бунгоҳи тиббӣ ва қабристони деҳа гуноҳаш ба таври истисно бахшида шавад.