Дар ҳамлаи паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба як мусофирбар дар шаҳри Херсон ду нафар ҷон бохтааст. Ин ҳамла субҳи шанбеи 2-юми май рух додааст.
Ярослав Шанко, волии Херсон гуфтааст, яке аз кушташудаҳо корманди идораи комуналӣ ва дуввумӣ зане буд, ки шахсияташ маълум нест. Ҳамчунин ҳафт мусофир, аз ҷумла чор корманди идораи комуналӣ захмӣ шудаанд.
Мақомоти украинӣ ҳамчунин аз ҳамлаи паҳподҳои русӣ ба як баландошёна дар вилояти Херсон хабар доданд. Як марди 23 сола дар ин ҳамла осеб бардоштааст.
Ҳамчунин Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина аз ҳамлаи паҳподҳои русӣ ба маҳаллае дар Харков хабар додааст. Дар ин ҳамла шаш нафар, аз ҷумла як кӯдак захмӣ шуданд.
Ба ҳисоби Неруҳои мудофиаи ҳавоии Украина, шаби гузашта Русия бо 163 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст, ки 142 ададаи он нобуд шуданд.