Маҷаллаи The Times of Israel навиштааст, нафари кушта шуда марди 50-сола буда, ҷасади вайро кормандони ҳолатҳои изтирорӣ каме дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо кардаанд.
Пулиси маҳаллӣ хабар додааст, ки паҳбод дар ҳаво таркида пораҳои он ба атрофи шаҳр пахш шудаанд.
Масъулияти ин ҳамларо ҳусиҳои Яман ба дӯш гирифтаанд. Намояндаи онҳо эълом кардааст, ки дар ҳамла аз паҳбоди (бесарнишин)-и нави бо номи “Яффо” истифода шудааст. Ин намояндаи ҳусиҳо илова кардааст, ки онҳо ҳамлаҳои худро ба Исроил бо нишони дастгирии мардуми Фаластин идома медиҳанд.
Аз рӯи аксҳо аз ҷои ҳодиса ҳамла тавассути бесарнишине бо муҳаррики Rotax, ки эҳтимол истеҳсоли Эрон аст, сурат гирифтааст.
Дертар неруҳои Исроил маълум кардаанд, ки бесарнишин шиносоӣ шудааст, вале бо хатои инсонӣ неруҳои падофанд фаъол нашудаанд ва бонги хатари ҳавоӣ зада нашудааст. Аз рӯи фарзияҳои пешакӣ бесарнишин аз қисмати ҷануб ворид шудааст ва метавонад тавассути ҳусиҳо партоб шуда бошад.