Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза 90 кас кушта шудааст

Ду зан дар шаҳри Хон-Юнис

Мақомоти беҳдоштии Ғазза мегӯянд, давоми 48 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил беш аз 90 нафар дар ин борика кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” 19-уми апрел хабар додааст.

Ба қавли ин манбаъ, бархе аз кушташудаҳо занон ва кӯдакон буданд, ки ба “минтақаи инсонӣ” паноҳ бурда буданд.

Артиши Исроил пас аз ду моҳ оташбас, 18-уми март бори дигар ҳамла ба Навори Ғаззаро оғоз кард, то гуруҳи “Ҳамос”-ро аз байн бурда, гаравгонҳоро озод кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи «Ҳамос»-ро созмони террористӣ медонанд.

Бар асоси гузоришҳо, дар 48 соати гузашта дастикам 11 кас дар Хон-Юнус дар хайма кушта шудаанд.

Исроил пештар эълон кард, ки ҳамлаҳои худро дар саросари Ғазза шиддат бахшида, бахши бузурге аз ин борикаро ба унвони “минтақаи амниятӣ” зери назорат мегирад. Исроил ҳамчунин барои шаш ҳафта Ғаззаро муҳосира карда ва монеи вуруди кумакҳои башардӯстона шудааст.

Рӯзи 18-уми апрел доктор Ҳанон Балхӣ, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз сафири нави Амрико дар Исроил хост, то Исроилро ба рафъи муҳосираи Ғазза тарғиб кунад, то дору ва кумакҳои дигар вориди минтақа шаванд.