Дар ин феҳрист мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1995,88 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Мунтахаби Аргентина, ноиби қаҳрамони ҷаҳон, бо 1970,37 имтиёз ҷойи дувум ва мунтахаби Фаронса бо 1948,97 имтиёз мақоми севумро соҳиб шудаанд.
Инчунин ба даҳгонаи беҳтаринҳо тимҳои миллии Англия, Бразилия, Марокаш, Португалия, Белгия, Нидерланд ва Мексика дохиланд.
Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи нави FIFA Украина (33-юм), Русия (35-ум) ва Узбекистон (60-ум) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (106-ум), Арманистон (107-ум), Қазоқистон (111-ум), Озарбойҷон (126-ум), Эстония (127-ум), Латвия (137-ум), Туркманистон (141-ум), Литва (149-ум) ва Молдова (159-ум) пеш буда, пас аз Украина (33-юм), Русия (35-ум), Узбекистон (60-ум), Гурҷистон (72-юм) ва Беларус (96-ум) ҷойгир шудааст.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 18-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 17-ум), Эрон дар мақоми дувум (дар ҷаҳон 22-юм) ва Австралия дар мақоми севум (дар ҷаҳон 28-ум) мебошанд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум мебошад. Феҳристи навбатии FIFA 7-уми октябри соли 2026 ншр хоҳад шуд.
Бояд зикр намуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 50-сола аз Македонияи Шимолӣ, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 омодагӣ мебинад.
Рақибони футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» тимҳои миллии Австралия, Ироқ ва Сингапуранд, ки хеле қавианд. Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 бозӣ кардаанд ва ин аз сатҳи баланди онҳо шаҳодат медиҳад.