Дар Эрон як ҷавонро бо гуноҳи ҷосусӣ эъдом карданд

Эҳсон Афрошта

Додгоҳи Эрон эълон кард, ки як сокини ҷавони ин кишварро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Исроил ба қатл расондааст.

Хабаргузории Мизон, ки ба низоми додгустарии Эрон рабт дорад, хабар дод, ки ҳукми Эҳсон Афрошта 13-уми май иҷро шудааст.

Додгоҳи Эрон ин ҷавонро ба он гунаҳкор кардааст, ки "аз тарафи МОСАД, Созмони ҷосусии Исроил дар Непал таълим гирифта, маълумоти муҳими Ҷумҳури исломиро ба Исроил медод".

Дар гузориши расмӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар омадааст, Эҳсон Афрошта ҳамчун мутахассиси сайберӣ дар як ширкати вобаста ба сохторҳои низомӣ мекард.

Мақомоти Эрон нагуфтаанд, ки ин ҷавон кай боздошт шуд ва ҳукмаш чӣ замоне содир шудааст.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ гузориш додаанд, ки Эҳсон Афрошта соли 1993 таваллуд шуда, аввали соли 2024 ҳангоми бозгашт аз Туркия дастгир шуд.

Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар HRANA қароргоҳаш дар Амрико навиштааст, Афрошта зодаи Исфаҳон буда, дар Теҳрон мезист.

Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, иҷрои ҳукмҳои эъдом дар Эрон бештар шудааст.

Ба гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Норвей ва "Якҷоя зидди ҳукми қатл", соли 2025 додгоҳҳои Эрон 1639 нафарро ба қатл маҳкум кардаанд. Ин баландтарин омори ҳукмҳои қатл аз соли 1989 будааст.