Дар Эрон ҳукми қатли як эътирозгар ба иҷро даромад

Эътироз аз ҳукмҳои қатл дар Эрон дар муқобили сафорати ин кишвар дар Лондон. Акс аз соли 2010

Дар Эрон рӯзи 25 апрел ҳукми қатли Ирфон Киёнӣ ба иҷро даромад, ки бино ба гузоришҳо дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматии моҳи январ дар шаҳри Исфаҳон боздошт шуда буд.

Дар ин бора оҷонсии Мизони вобаста ба низоми додгустарии Эрон хабар дод. Ин хабаргузорӣ навишт, ҳукми қатли эътирозгар баъди он иҷро шуд, ки додгоҳи олии Эрон ҳукми пешинро бетағйир гузошт.

Мақомот Киёниро, ки маълум нест чандсола буд, дар раҳбарии гурӯҳе муттаҳам карданд, ки талош дошт рӯзи 8 январ моликияти ҷамъиятиро дар чорроҳаи Пирӯзии шаҳри Исфаҳон хароб кунад.

Дар айбномаи ӯ “хароб кардани моликияти ҷамъиятӣ ва хусусӣ, оташ задан, нигаҳдорӣ ва истифодаи коктейли Молотов, нигаҳдории силоҳҳо, масдуд кардани роҳи мошингард, ҳамла ба афсарон, эҷоди тарсу воҳима дар миёни шаҳрвандон” чун амалҳои ҷиноии содиркардаи ӯ ёд шудааст.

Дар бораи он ки мурофиаҳои додгоҳӣ чӣ гуна гузашту худи ӯву наздиконаш дар додгоҳ чӣ гуфтанд ва дигар ҷузъиёти парвандаи ӯ ҳеҷ иттилое дар даст нест. Инчунин иттилои дигаре дар бораи шахсияти ӯ нашр нашудааст, мегӯяд Радио Фардо.

Эътирозҳои сартосарӣ дар Эрон моҳи январ бераҳмона саркӯб шуданд. HRANA - як созмони нозири ҳуқуқи инсон дар Эрон, ки дар ИМА воқеъ аст, қатли ҳазорҳо нафарро дар ҷараёни ин саркӯбҳо санҷид. Ин гурӯҳ гуфт, ки омори тасдиқшудаи кушташудаҳо аз ҷониби онҳо беш аз 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бисёриҳо ҳабс шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эрон 4 тан аз эътирозгаронро ба эъдом маҳкум кардЯк эътирозгари дигарро дар Эрон қатл карданд