Дар Душанбе қаҳрамонии футзали CAFA миёни занон оғоз меёбад

Дастаи мунтахаби занона

Рӯзи якшанбеи 9-уми феврал дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз меёбал, ки то 16-уми феврал идома хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни занон дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе доир мегарданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даври аввали мусобиқа озод аст, нахустин бозии худро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 бо тими Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи душанбеи 10-уми феврал баргузор мешавад. Баъдан занони футзалбози тоҷик 12-уми феврал бо мунтахаби Туркманистон, 14-уми феврал бо дастаи Узбекистон ва 16-уми феврал бо тими Эрон рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, дар се мусобиқаи пешин (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024), ки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа –Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доштанд, бонувони эронӣ пирӯз шудаанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби занона

Иштироккунандагон:

Қирғизистон

Тоҷикистон

Туркманистон

Узбекистон

Эрон

Даври якум

9-уми феврал (якшанбе)

14:00 – Туркманистон - Қирғизистон

17:00 – Узбекистон – Эрон

Даври дуюм

10-уми феврал (душанбе)

16:00 – Туркманистон - Узбекистон

19:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври сеюм

12-уми феврал (чоршанбе)

16:00 – Эрон - Қирғизистон

19:00 – Тоҷикистон – Туркманистон

Даври чаҳорум

14-уми феврал (ҷумъа)

16:00 – Эрон - Туркманистон

19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври панҷум

16-уми феврал (якшанбе)

16:00 – Қирғизистон - Узбекистон

19:00 – Тоҷикистон – Эрон