Дар Душанбе ҷасади як сарбози русро ёфтаанд

Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Душанбе ба таҳқиқи марги як сарбози рус оғоз кардаанд. Ҷасади ӯ рӯзи 26-уми май дар пеши як бинои баландоёшна дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт пайдо шудааст. Ҷое, ки қароргоҳи бузурги сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон воқеъ аст.

Масъулони пойгоҳи ҳарбии Русия рӯзи 1-уми июн аз додани ҳамагуна маълумот дар ин бора худдорӣ карданд. Ҷониби Тоҷикистон низ дар бораи чигунагии ҳодиса хабар надодааст.

Комил Бобоҷонов, масъули тозагии биное, ки ҳодиса рух додааст, нахустин касест, ки ҷасади сарбозро дидааст. Ӯ рӯзи якуми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “нигоҳ кардам, ки на меҷунбад ва на нафас мекашад. Аввал раиси маҳалларо огоҳ кардам. Нозири милиса омад. Намояндаи Додситонии ҳарбӣ буд. Омаданд, диданд, сурат гирифтанд, рафтанд. Сабабашро ҳеч кас намедонад.”

Навор дар Инстаграм:

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, эҳтимол сарбози рус аз бинои баландошёна афтодааст, чун дар болои бом қуттии сигору пайи пойи ӯро дидаанд. Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин дам бенатиҷа буд.

Сокинони биное, ки воқеа дар он ҷо рух додааст, бисёр боэҳтиёт бо хабарнигорон суҳбат карданд. Онҳо гуфтанд, ин сарбози рус дар бинои онҳо намезист, балки дар ҷойи дигар хонаи иҷора дошт.

“Мо фаҳмидем, ки давраи рухсатии меҳнатияш оғоз шуда, бояд ба назди хонаводааш мерафтааст. Баъзе аз сарбозони пойгоҳи низомии Русия гуфтанд, гуё ӯ мушкили хонаводагӣ доштааст,” – гуфт яке аз шоҳидони дигари ҳодиса бе зикри номаш.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё парвандае дар ин замина боз шудаст ё не ва ин ҳодиса чун худкушӣ таҳқиқ мешавад ё бар пояи бандҳои дигари қонуни ҷиноӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Марги сарбози Русия дар Душанбе таҳқиқ мешавад

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир буда, замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шудааст.

Дар гузашта шумори низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳудуди 6-7 ҳазор номбар мешуд. Дар оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар соли 2022 гуфта шуд, ки Маскав бахше аз низомиёни худро аз Тоҷикистон ба ҷанг фиристодааст. Теъдоди ҳозираи онҳо маълум нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Барои 4 моҳ рафтанд, дигар барнагаштанд." Таъсири ҷанг дар Украина ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон