Дар Брюссел 800 миллиард евро кӯмакҳои дифоии Аврупо баррасӣ мешавад

Рӯзи 6 март президенти Украина Владимир Зеленский дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад.

Ӯву раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел нақшаи додани 800 миллиард евро маблағро барои тақвияти саноати дифоии Аврупо, беҳтар кардани иқтидори ҳарбӣ ва ироаи ёриҳои изтирории низомӣ ба Украина дар шароити боздошта шудани ёриҳои Амрико баррасӣ хоҳад кард.

Ҷаласаи имрӯза дар ҳоле барпо мешавад, ки садри аъзами ояндаи Олмон Фридрих Мертс ба боло бурдани иқтидори низомии кишвараш даъват карда президенти Фаронса Эмманэл Макрон ҳушдор дод, ки таҷовузи Русия бо хоки Украина тамом намешавад ва Париж хостори тавсеаи “чатри ҳастаиаш” ба кишварҳои дигари аврупоӣ мебошад. Макрон дар суханронии телевизиониаш дар остонаи нишаст гуфт, “мехоҳам умедвор шавам, ки ИМА дар канори мо хоҳад буд. Вале бояд омода бошем, ки метавонад чунин нашавад”.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо тарҳи ҳадафҳои нишаст шинос шуд ва дар он таъкид шудааст, ки ҳамоиш бо мақсади ҷудо кардани маблағҳои ҳадди аксар зиёд барои кишварҳои узви ИА бо мақсадҳои дифоӣ баргузор мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Таҳлил. Чор хулоса аз баҳси лафзии Зеленский ва ТрампСафари раҳбарони беш аз даҳ кишвар ба УкраинаБо омадани Трамп дар Иттиҳоди Аврупо чиро интизор бояд шуд?